Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон қатли Раббониро маҳкум кардааст


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар мулоқот бо Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад, сафири Афғонистон дар Душанбе, қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро башиддат маҳкум кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур, зимни сӯҳбат бо дипломати афғон, Эмомалӣ Раҳмон, террори Бурҳониддини Раббониро кори дасти нерӯҳое хондааст, ки «ҷонибдори идома ёфтани ҷангу ҷидол, нооромию бесуботӣ ва тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистонанд, зеро ин марди бузург барои барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рўзгори босаодати мардуми шарифи Афғонистон пайваставу мудом ҷаҳду талош мекард». Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, дирӯз зимни музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомот мегӯянд, як нафар худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.
XS
SM
MD
LG