Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили ҷашни истиқлоли Арманистон бо раҳпаймоии низомӣ


Арманистон имрӯз бо як раҳпаймоии низомии азим дар шаҳри Ереван 20-умин солгарди истиқлоли кишварро таҷлил кард. Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон дар ин маросим гуфт, “дар ду даҳсолаи гузашта Арманистон ҷаҳиши бузурге ба сӯи пеш кард, аммо кори зиёде мондааст, ки натавонист анҷом диҳад.” Серж Саркиссиён, пирӯзӣ дар ҷанг бо Озарбойҷон барои Вилояти Кӯҳистони Қаробоғро “дурахшонтарин сафҳаи таърихи нави Арманистон” хонд. Дар ин ҷанг аз ҳарду ду тараф, 30 ҳазор нафар кушта шуданд ва низоъи ин минтақаи умдатан арманишини Озарбойҷон ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG