Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ду шаҳрванди Амрикоро аз зиндон раҳо кард


Бино ба гузоришҳо, Эрон пас аз ду соли боздошт, ду шаҳрванди Амрикоро озод кардааст. Пештар аз ин Масъуд Шафиъӣ вакили дифоъашон гуфт, васиқа барои раҳоии Шон Бауери 28-сола ва Ҷош Фатали 29-сола пазируфта шудааст ва қарор аст, ҳардуро имрӯз ба сафорати Швейтсария, ҳомии манофеъи Амрико дар Эрон бисупоранд. Ин ду ҷавон моҳи гузашта додгоҳи Эрон бо гуноҳи ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз ба 8 солии зиндон маҳкум кард. Аммо онҳо мегӯянд, зимни кӯҳнавардӣ дар соли 2009 нодониста аз Ироқ вориди хоки Эрон шудаанд. Ҳамроҳи саввуми онҳо, Сара Шурдро соли гузашта дар ивази васиқаи 500 ҳазор долларӣ ва бо назардошти беморӣ аз зиндон раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG