Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманистонро ба озодии матбуот ташвиқ мекунанд


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз давлати Туркманистон хост, маҳдудияти озодии матбуот камтар ва дастрасӣ ба интернет дар кишварро бештар кунад. Дуня Миятович, маъсули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, рӯзи сешанбе зимни сафараш ба Туркманистон масъалаи мазкурро бо мақомоти расмӣ баррасӣ кардааст. Вай аз ҷумла ҳукумати Туркманистонро барои иҷозаи фаъолият додан ба як рӯзномаи мустақил ситоиш кардааст. Дар Туркманистон дастрасӣ ба интернет бисёр маҳдуд аст ва бино ба омор аз сари бештар аз 2 миллион нафар танҳо 100 нафар аз он истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG