Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 21-уми сентябр ҷонибҳои айбдоркунанда ва ҳимояи парвандаи У. Усмонов бо ҳам музокира карданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ-Назирҷон Абдураҳимов аз додгоҳ хост Усмонов мутобиқи бандҳои 36, қисми 5-307 иловаи 3, банди 2-и Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар фаъолияти Ҳизб- ут-таҳрир гунаҳкор, барои 5 сол ба ҳабс маҳкум ва бо татбиқи Қонуни афв аз адои ҷазо озод карда шавад. Зимнан, айбдоркундаи давлатӣ ба айбдоршавандагон аз додгоҳ таъини ҷазоҳои ниҳоиеро хост, ки бандҳои айбдории онҳо пешбинӣ мекунад.

Далели аслии айбдоркунада дар мавриди хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ, баёноти худи оқои Усмонов дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда дар мавриди хабар надодан ба мақомот аз мулоқот бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир буд, ки навори он дар толори додгоҳ ба намоиш гузошта шуд. Аммо Усмонов дар додгоҳ арз кард, ки вай ба хотири боз мавриди шиканҷа қарор нагирифтан маҷбур буд чунин баёнот диҳад.

Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили дифои хабарнигори Бӣ- Бӣ-Сӣ баъд аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҷониби ҳимоя бо мавқеи айбдоркунанда розӣ нест. Вай афзуд: «Далелҳои дар парванда ҷамъоварда, аз ҷумла хулосаи коршиносон бо роҳи дағалона вайрон кардани қонуни мурофиавии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст ва мутобиқи қонуни Асноди ҷиноятии Тоҷикистон, чунин далелҳо эътибори қонунӣ надоранд. Мо аз додгоҳ хоҳиш кардем онҳоро аз маҷмӯи далелҳои парванда хориҷ кунад. Ва бо сабаби он, ки дар амалҳои Усмонов таркиби ҷиноят мавҷуд нест, вайро аз айби алайҳаш эълоншуда сафед кунад.»

Инчунин вакилони дифои Усмонов-Абдуқаюм Юсуфӣ ва Файзинисо Воҳидова аз додгоҳ хостанд нисбат ба Эраҷ Давлатов, сардори раёсати амнияти миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки замони боздошти Усмонов дар шабонарӯзи 13-ум ба 14- уми июн ӯро лату кӯб кардааст, мутобиқи бандҳои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва ғайриқонунӣ дастгир кардани Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Аз чаҳор нафари айбдоршаванда, яке-Иброҳимбек Маҳмудов гуфт, замони бори нахуст дар маҳбас буданаш аз узви Ҳизб-ут-таҳрир таълими исломӣ гирифта, аммо ба Ҳизб-ут-таҳрир шомил нашудааст. Вай баъди озодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагӣ карда, ба сабаби ба як узви ин ҳаракат ба иҷора додани манзилаш дар Хуҷанд боздошт шудааст.

Абдунабӣ Абдуқодиров аз додгоҳ ҳукми одилона ва сабуктар хост.

Талъат Мавлонов гуфт, вай айби пешниҳодшуда дар мавриди иштирок дар иттиҳодияи ҷиноиро қабул надорад ва беасос медонад ва аз додгоҳ тақозо дорад онро бекор кунад.

Яҳё Раҳмонхоҷаев ва вакили дифоаш арз доштанд, ки дар ҷараёни бозбинии додгоҳӣ айбҳои пешниҳодшуда алайҳи Раҳмонхоҷаев-даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон бо далелҳои воқеӣ исбот нашуд ва сафед карда шавад.

Ҳамин тавр, бозбинии додгоҳии парвандаи гурӯҳи 5 нафарие, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ низ ба он шомил аст, поён ёфт ва қарор аст додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр барои баровардани ҳукм ба хонаи машваратӣ биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG