Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бозии дуввумашро дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё дар Тайван бо тими «Балкан»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум шуд.

Ин бозии даври дуввуми гурӯҳи “А” 21-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван, ки 40 ҳазор ҷойгоҳ дорад, бо ҳузури беш аз 200 тамошогар барпо гашт.

Амир Қурбонӣ, бозигари “Балкан”, дар дақиқаи 23-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Фарҳод Тоҳиров пеш аз танаффус (дар дақиқаи 45+1) ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони тоҷик пайваста ҳуҷум мекарданд, вале маҳорати баланди дарвозабони “Балкан” Никита Горбунов ба онҳо имкон намедод, ки тӯбро вориди дарвоза кунанд.

Ҳайати дастаи “Истиқлол” дар ин бозӣ чунин буд: дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 46), ҳимоятгарон - Соҳиб Сувонқулов, Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, нимҳимоятгарон - Дилшод Восиев (Фирӯз Бобиев, 54), Ҷаҳонгир Ҷалилов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 60), Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов, ҳамлагарон - Юсуф Рабиев (капитан), Фарҳод Тоҳиров.

Сардовар Акбар Бахшизода (аз Эрон) ба Ҷаҳонгир Ҷалилов дар дақиқаи 56-ум корти зард нишон дод.

Бегоҳи имрӯз бозии гурӯҳи “В” миёни дастаҳои «Яданарбон» (Мянмар) – «Пномпен Краун» (Камбоҷа) барпо мегардад.

Даври охирини сабқати гурӯҳӣ 23-уми сентябр баргузор мешавад. «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо «Яданарбон»-и Мянмар ва «Тайван Пауэр»-и Тайван бо «Балкан»-и Туркманистон бозӣ хоҳанд кард.

Дар гурӯҳи “А” дастаи мизбон - “Тайван Пауэр» бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Балкан” ва “Истиқлол” якимтиёзӣ доранд.

Қаҳрамонони Тайван ва Туркманистон байни худ барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан талош хоҳанд кард. Тайваниҳоро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад, вале ба туркманҳо танҳо пирӯзӣ зарур аст. Вале “Истиқлол” аз финал бенасиб монд.

Бозии ниҳоӣ 25-уми сентябр баргузор мешавад. Барандаи Ҷоми раиси АФК ба маблағи 50 ҳазор доллар мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастае, ки дар бозии ниҳоӣ шикаст мехӯрад, 25 ҳазор доллар супурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст. Тими “Истиқлол” бошад, барои бори аввал дар Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ширкат кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG