Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон се рӯз мотами миллӣ эълом мешавад


Cадҳо нафар имрӯз ба хотири сӯгворӣ ва эътироз
аз қатли устод Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.
Cадҳо нафар имрӯз ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли устод Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.
Давлати Афғонистон гуфт, ки ба хотири кушта шудани Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқ, барои се рӯз дар ин кишвар мотами миллӣ эълом хоҳад кард. Тасмими мазкур дар нишасти фавқуллодаи ҳукумати Афғонистон гирифта шудааст. Саид Махдум Раҳин, вазири иттилоъот ва фарҳанги Афғонистон дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе ба унвони рӯзҳои азодорӣ эълом шуд, ҷаноза ба рӯзи ҷумъа қабл аз зӯҳр дар мазори Вазир Акбархон дар Кобул дафн хоҳад шуд.” Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, зимни музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як нафар худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст. Бурҳониддини Раббонии 70-сола, аз соли 1992 то соли 1996 раиси ҷумҳури Афғонистон ва раҳбари Эътилофи Шимол буд, ки Амрико бо кӯмаки онҳо Толибонро соли 2001 сарнагун кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, марги Раббониро як зоеаи ҷуброннопазир хонд.
XS
SM
MD
LG