Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳо барои муқобила бо бемориҳои кушанда


Раҳбарони ҷаҳонӣ дар Созмони Милал ваъда доданд, ки бо муқобила ба иллатҳои беморӣ, аз ҷумла истеъмоли тамоку, шаробхорӣ ва ташвиқи варзишу зиндагии солим монеъи марги миллионҳо нафар аз саратон, бемориҳои қалбу шуш ва бемории қанд мешаванд. Масъалаи мазкур рӯзи сешанбе дар нишасти Маъмаъи умумии Созмони Милал баррасӣ шуд. Бар асоси омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, соли 2008 дар саросари ҷаҳон 57 миллион нафар фавтидаанд ва тахминан 36 миллион нафари онҳоро бемориҳои саратон, қанд ва бемориҳои қалбу шуш куштааст.
XS
SM
MD
LG