Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии фаластиниён бо талаби эътирофи Фаластин


Ҳазорон фаластинӣ имрӯз дар Канораи Ғарб бо талаби эътирофи Фаластин ба ҳайси узви комилҳуқуқ ва 194-уми Созмони Милал раҳпаймоӣ карданд. Раҳпаймоиҳо дар Рамаллоҳ маркази Канораи Ғарб ва дар шаҳрҳои дигар Ноблус, Ҳеброн ва Байтуллаҳм сурат мегирад. Раҳпаймоиҳо дар ҳолест, ки қарор аст, имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико доир ба талошҳо барои пазируфтани Фаластин ба ҳайси кишвари мустақил бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтӯгу кунад. Амрикову Исроил саъй доранд, то фаластиниён аз ин роҳ баргарданд ва музокироти сулҳ бо Исроилро аз сар бигиранд. Қарор аст, Маҳмуд Аббос рӯзи сешанбе расман аз Маҷмаъи умумии Созмони Милал бихоҳад, то Фаластинро ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият бишиносад.
XS
SM
MD
LG