Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон шаҳрвандони Амрикоро имрӯз озод мекунад


Вакили дифоъашон гуфт, ду шаҳрванди Амрико, ки дар Эрон бо гуноҳи ҷосусӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, имрӯз раҳо карда хоҳанд шуд. Масъуд Шафеӣ, васиқа барои раҳоии Шон Бауери 28-сола ва Ҷош Фатали 29-сола пазируфта шудааст ва қарор ҳардуро имрӯз ба сафорати Швейтсария, ҳомии манофеъи Амрико дар Эрон таслим кунанд. Ин ду нафарро моҳи гузашта додгоҳи Эрон бо гуноҳи ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз ба 8 солии зиндон маҳкум кард. Шаҳрвандони Амрико мегӯянд, зимни 5 кӯҳнавардӣ дар соли 2009 нодониста аз Ироқ вориди хоки Эрон шудаанд. Ҳамроҳи саввуми онҳо, Сара Шурдро соли гузашта дар ивази васиқаи 500 ҳазор долларӣ ва бо назардошти беморӣ аз зиндон раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG