Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯгвории мардум ба хотири марги Бурҳониддини Раббонӣ


Имрӯз садҳо нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз ба қатли Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд. Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, зимни музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушита шуд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як нафар худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст. Бурҳониддини Раббонии 70-сола, аз соли 1992 то соли 1996 раиси ҷумҳури Афғонистон буд ва раҳбари Эътилофи Шимол буд, ки Амрико бо кӯмаки онҳо Толибонро соли 2001 сарнагун кард. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ба таври оҷил сафари худро дар Ню Йорк хотима дода ва ба Кобул баргмегардад.
XS
SM
MD
LG