Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми қирғиз мегӯяд, дар қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, шаҳрвандони ҳарду кишвар даст доранд.

Ба гуфтаи Арсени Даткабеков, сардори раёсати назорати марзҳои нерӯҳои марзбони Қирғизистон, гурӯҳҳои қочоқчӣ ҳоло асосан аз гузаргоҳҳои марзӣ истифода намекунанд, балки бештар аз пайраҳаҳои бидуни назорат ва осебпазири марзи миёни ду кишвар маводи сӯхтро мегузаронанд. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Боткент аз минтақаҳои аслии қочоқи маводи сӯхти Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

БЕНЗИНИ ҚОЧОҚИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН?

Оқои Даткабеков мегӯяд: «Бино ба афзоиши мавриди қочоқ, зарурати андешидани чораҳои қатъ пеш омад ва ба ин манзур, қарори махсуси ҳукумат роҷеъ ба пешгирии қочоқи маводи сӯхт содир шуд. Вобаста ба ин
Нишасти Шӯрои раҳбарони нерӯҳои марзбонии ИДМ дар Душанбе

қарор, ҳоло чораву тадбирҳои иловагӣ ба манзури пешгирӣ аз қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон руи даст гирифта шудааст».

Ӯ инчунин гуфт, ин масъала таваҷҷӯҳи ҳар лаҳза ва ҳар соатаро тақозо дорад, зеро имкони афзоиш ва иқомаи қочоқ вуҷуд дорад ва далелаш ҳам ду баробар боло будани қимати бензин дар бозорҳои Тоҷикистон аст.

Қирғизистон дар чанд ҳафтаи пеш аз мавриди қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон хабар дода буд ва бархе мақомот аз боздошти ду нафари муттаҳам дар ин замина низ хабар дода буданд.

ТАҚВИЯТИ ГУЗАРГОҲҲОИ МАРЗӢ БО ҚИРҒИЗИСТОН

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон низ мегӯяд, назорат дар марз, гузаргоҳҳои марзӣ ва чапроҳаҳо бо Қирғизистонро баъди ин ҳама сару садо ва пурзӯр кардааст.

Абдураҳми Умаров, аз масъулони матуботии Кумитаи гумруки Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳҳои зудамал ба манзури назароти 24 соатии марз бо Қирғизисон таъсис шудааст. Ӯ мегӯяд: «Ҷой доштани чапроҳаҳо боиси он шуд, ки гурӯҳҳои зудамали гумрукӣ таъсис шавад. Қочоқ асосан тавассути ҳамин чапроҳаҳо анҷом мешавад. Ва ин гурӯҳҳо феълан ба таври шабонарузӣ амал мекунанд ва ҳамаи чапроҳаҳои марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро зери назар доранд».

Аммо ҷониби Тоҷикистон бо ин ҳама, роҷеъ ба ягон мавриди боздошти қочоқи маводи сӯхт ахиран дар марзи Қирғизистон хабар надодааст.

Қирғизистон ба сурати имтиёзӣ аз Русия бензин харидорӣ мекунад ва боҷӣ гумрукӣ пардохт намекунад, аммо бар асоси созише, ки бо Русия дорад, ҳаққи ба кишвари севвум содир кардани бензини вориднамудаи худ аз Русияро надорад.

ТОҶИКИСТОН ГАРАВИ БЕНЗИНИ РУСӢ?

Гуфтанист, дар ду рӯзи охир қимати бензин дар бозорҳои Тоҷикистон бештар боло рафт ва ба ҳафт сомонӣ расид. Далели болоравии қимати бензин ҷорӣ камчин шудани он дар бензинфурушиҳо буд. Вале далели асосии он ҷорӣ шудани боҷи содиротӣ аз сӯи Русия барои воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикистон дар яку ним сол пеш аст.

Русия дар моҳи майи соли 2010 борои содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон боҷӣ содиротӣ ҷорӣ кард, ки ба дунболи он

қимати он дар бозорҳои Тоҷикистон андаке афзоиш пайдо намуд. Аммо дар аввали апрели, дар пайи якбора 44 дарсад боло рафтани боҷу хироҷе, ки Русия болои содироти маводи нафтиаш ба Тоҷикистон эъмол кард, қимати бензин ҳудуди як баробар назар ба як соли қабл афзоиш ёфт ва қиматҳои бозор низ боло рафтанд.

Дар 5 моҳи гузашта Маскав ҳаҷми ин боҷро каме пойин овард, вале аз 1-уми сентябр ба муҷарради оғози мавсими ғунучини ҳосил, дигарбора то 399,7 доллар барои содироти ҳар тоннаи бензин онро боло бурд.

Тоҷикистон ҳамасола барои таъмини эҳтиёҷоташ то ним миллион тонна маводи сӯхт ворид мекунад. Таъминкунандаи асосии бозори маводи сӯхти Тоҷикистон Русия маҳсуб шуда, бино ба оморҳо, то 90 дарсади ин бозорро дар назорат дорад. «Газпромнефт-Тоҷикистон» назорати 42 дарсади ин бозорро дар ихтиёри худ дароварда, дар ҳоли ҳозир бузургтарин воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон дониста мешавад. Тоҷикистон то аз соли 1994 то соли 2010 бидуни пардохти боҷӣ содиротӣ аз Русия бензин харидорӣ мекард. Аммо ба думболи вазидани боди сард дар муносиботи ду кишвар, Русия дар яку ним соли пеш, барои бензини содиротии худ ба Тоҷикистон боҷӣ гумрукӣ ҷорӣ намудааст.

Эъмоли боҷу хироҷи гумрукӣ боис шуд, ки воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон 11 дарсад коҳиш биёбад.

ОЁ БЕНЗИНИ ҚОЧОҚӢ МУШКИЛРО ҲАЛ МЕКУНАД?

Тоҷикистон феълан роҳҳои алтернативии таъмини бозори маводи сӯхташро низ ҷустуҷӯ дошта, дар ин роҳ бештар ба Туркманистону Эрон меандешад. Аммо то кунун суоли боз ҳам ин аст, ки оё воридоти қочоқиии бензин аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба бозори он дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мегузорад ва оё ҷилавгирӣ аз он метавонад боиси болоравии нархи бензин шавад?

Коршиносон мегӯянд, ҷилавгирӣ аз қочоқи бензин аз Қирғизистон ба қимат дар бозори маводи сӯхт таъсире нахоҳад гузошт. Зеро дар ҳар сурат қочоқчиён бензини воридмекардаи худро аз Қирғизистон бо нархи камтар аз бозори дохилӣ ба фурӯш намегузоштаанд.

Душанбе дар ин талошҳо барои коҳиши вобастагиаш аз воридоти маводи нафтии Русия ба муваффақияти чандоне даст наёфтааст.

Душанбе умедвор буд, ки дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар авоили моҳи сентябр масъалаи лағви боҷи содиротии маводи нафтии он кишвар ҳал хоҳад шуд, вале ваъдаи мушаххасе дар ин мавзӯъ нагирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG