Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии тирандозии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз, 21-уми сентябр, дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шуд, тӯли панҷ рӯз идома хоҳад кард.

Шариф Азизов, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба «Озодӣ» гуфт, дар ин мусобиқа, ки барои бори севум дар Тоҷикистон баргузор шудааст, 47 варзишгар (31 мард ва 16 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар тирандозӣ аз милтиқи пневматикӣ ва таппонча ба масофаҳои 10, 25 ва 50 метр қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сергей Бабиков, Георгий Багдасаров, Сурайё Ҷумъаева, Зарина Бабикова, Светлана Грошева, Карим Бобоев, Далер Ёров, Фирдавс Бобоев ва дигарон дохиланд.

Ба гуфтаи Шариф Азизов, ин мусобиқа барои беҳтарин тирандозони кишвар- Сергей Бабиков ва Георгий Багдасаров як навъ санҷишест қабл аз Ҷоми Осиё, ки моҳи октябр дар Кувайт доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG