Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саодат, як сокини маҳаллаи 33-юми пойтахт мегӯяд, ки вақте кормандони ШКД-и ноҳияи Сино барои иқрори гуноҳ бародараш Ботурхон Сафаровро, шиканҷа мекунанд ҳатто ба аъзои таносулаш барқ гузошта, маҷбураш кардаанд, ки гуноҳи накардаашро ба гардан бигирад.

Вай меафзояд, ки бародарашро се моҳ қабл дар моҳи июли соли равон боздошт карданд. Саодат меафзояд, ки ташхиси пизишк бо таъйиди доғи сӯхтагӣ дар бадани бародарашро дар даст дорад.

ШИКАНҶА БАРОИ ГУНОҲИ НАКАРДА?

Бародари ӯ дар яке аз нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе кор мекард ва бо ҷурми дуздии пули соҳибкорон муттаҳам шуда буд. Вақте, ки ӯро латтукӯб ва бо дастгоҳи барқ азияташ карданд, ночор ҳарфҳои милисаҳоро, ки пулҳоро маҳз вай аз худ кардааст, эътироф кард. Саодат, хоҳари Ботурхон мегӯяд: «Дар ШКД-и ноҳияи Сино ҳамон рӯз ба ӯ барқ монда ба зӯрӣ маҷбураш карда баёнот мегиранд, ки гӯё худаш худашро барқ монда маъюб кардааст ва Ботурхон пулҳоро дуздидааст.»

Сӯҳбати мо бо Саодат дар ҳоле анҷом шуд, ки ахиран Созмони Афви Байнулмилал дар гузориши тозаи худ таваҷҷӯҳи мақомоти Тоҷикистонро ба шиканҷаи маҳбусон дар боздоштҳои пешакӣ ҷалб кард. Ба навиштаи Созмони Афви Байнулмилал, аксари шикоятҳои марбут ба шиканҷа дар Тоҷикистон ба давраи аввали боздошти сокинони ин кишвар дар ҳамин боздоштгоҳҳо рост меояд. Дар чунин мавридҳо шиканҷа бештар барои он кор гирифта мешавад, ки боздоштшуда иттиҳомро бипазирад ва ба “гуноҳаш” иқрор кунад. Танҳо дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа барои ба даст овардани пул истифода шудааст.

Вакилони дифоъ дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки аксари шикоятҳои марбут ба шиканҷа, ба давраи аввали боздошти афрод рост меояд.

Онҳо гузориши Созмони Афви Байнулмилалро дар робита ба азияту шиканҷаи боздоштшудаҳо ва айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳҳои пешакӣ дуруст мешуморанд.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъ мегӯяд, шиканҷа ба хотири он гирифта мешавад, ки нафари муттаҳам гуноҳи хешро эътироф кунад: "Зерҳимояҳои мо аз мо хоҳиш мекунанд, ки дар нисбати шиканҷаҳое, ки дар
Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъ

боздоштгоҳҳои пешакӣ раво мебинанд, ба мақомоти додситонӣ арз накунем, зеро авзояшон боз ҳам бадтар мешавад. Иродаи онҳоро дар боздоштгоҳҳо мешикананд. Бубинед, ҳатто хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ки зерҳимояи ман аст, дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи вай шиканҷаву латтукӯб раво дида шудааст. Баъд аз он ки шароити додгоҳиаш тағйир хӯрд, вай иқрор кард, ки дар ҳақиқат алайҳи вай аз зӯр истифода шудааст. Бар хилофи ӯҳдадориҳои байнулмиллалӣ дар Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳои пешакӣ барои иқрор кардани гуноҳи айбдоршаванда аз тамоми васила аз барқ, тозиёнаҳои резинӣ, сигорсӯзонӣ, муштзанӣ ва аз дигар роҳҳои шиканҷа истифода мекунанд. Гузориши созмони Афви байнулмилал ба ҷо аст ва аз ин гузориш ҳам бештар мешавад шарҳ дод."

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъ мегӯяд, дар ҷараёни баррасии парвандаҳо шоҳиди даҳҳо сӯҳбати афроди айбдоршаванда шудаааст, ки дучори латукӯб ва зарбу шатми кормандони милисаҳо, хусусан дар боздоштгоҳҳои пешакӣ шудаанд.

Ба қавли вай, ҷойҳои махсус дар УБОП-и Вазорати умури дохилӣ ва дар шӯъбаҳои ин бахш ҳаст, ки ашхоси боздоштшударо ҳатто дар узвҳои таносул барқ мегузоранд ва аз мушту латукӯб кор мегиранд.

Бузургмеҳри Равшан меафзояд, тайи фаъолияте, ки ҳамчун вакили мудофеъ дорад, аз нафаре, ки дар СИЗО мавриди шиканҷа қарор гирифта бошад, шикояте дарёфт накардааст.

МАҚОМОТ БЕХАБАРӢ МЕКУНАНД

Аммо кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва масъулони шӯъбаи умури дохилаи пойтахт мегӯянд, гузориши созмони Афви байнулмилалро нахондаанд ва шиканҷаи афроди боздоштшуда дар боздоштгоҳҳои вазорати умури дохиларо нодуруст мешуморанд.

Ахиран парвандаи пурсарусадои Сафаралӣ Сангов, сокини
Сафаралӣ Сангов

Душанбе нишон дод, ки кормандони умури дохила ҳангоми бозошти вай ва нигоҳдорӣ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино аз шиканҷаву латукӯб кор гирифтаанд, ки ба марги Сафаралӣ анҷомида буд.

Бо вуҷуди исрору далелҳои наздикон ва вакили мудофеъи Сафаралӣ Сангов, кормандони умури дохила, ки ӯро дар шӯъба нигоҳбонӣ мекарданд, қисман ба гуноҳи худ иқрор шудаанд.

ЛАТМА БА ОБРӮИ КИШВАР

Дар нишастҳои хабарии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, раҳбари ин ниҳод Абдураҳим Қаҳҳоров даҳҳо суоли марбут ба шиканҷаву азияти боздоштшудаҳоро бепосух мемонанд.

Раиси созмони "Перспектива плюс" Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки агар кормандони умури
Раиси созмони “Перспектива плюс “Ойниҳол Бобоназарова

дохила ва ходимони боздоштгоҳҳо ба ҷазо кашида нашаванд, чунин вазъ мизони шиканҷаро боз ҳам бештар ва ба обрӯву эътибори Тоҷикисон латма мезанад.

Зимнан, созмони Афви Байнулмилал дар гузориши худ парвандаи Илҳом Усмонов, Зафар Каримов ва чанд нафари дигар зикр кардааст, ки дар маҳбас мавриди шиканҷаву азият қарор доранд.

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки ин афрод бо гуноҳи узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон ва амалҳои харобкорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостаст, ки ба парвандаи онҳо расидагии комил ва дуруст анҷом шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG