Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қатли устод Бурҳониддини Раббониро як зоеаи ҷуброннопазир хондааст.

Дар номаи тасаллиятии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури исломии Афғонистон, аз устод Раббонӣ ба унвони бузургтарин шахсияти таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон ёд шудааст.

Дар ин нома аз ҷумла омадааст: "Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷўи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шўрои Олии Сулҳ дар кишвар буд. Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ў дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рўҳбаланд хоҳад кард.»



Дар ҳамин ҳол ҲНИТ эълом кардааст, ки як ҳайатро дар раъси Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби раиси ин ҳизб ҷиҳати мушоракат дар маросими ҷанозаи устод Раббонӣ ба Афғонистон эъзом кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, аз мақомоти ҲНИТ марги устод Раббониро фоҷиа бузург барои миллати тоҷик хонд ва гуфт, ки душманони сулҳи Афғонистон на танҳо як шахсиятро куштанд, балки ояндаи сулҳи ин кишварро ба хатар рӯбарӯ карданд.

Оқои Сайфуллозода гуфт, ки имрӯз дар мақари ин ҳизб маросими ҷанозаи ғоибонаи устод Раббонӣ баргузор мегардад ва мақомоти ҳизб дар ин робита изҳороти расмӣ низ ироа хоҳанд намуд.

ВОКУНИШҲОИ ҶАҲОНӢ

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай низ кушта шудани Бурҳониддини Раббониро бо шадидтарин алфоз маҳкум кардааст.

Ҳомид Карзай, ки хабари ҳалокати раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва раҳбари собиқи ин кишвар Бурҳонуддин Раббониро дар роҳи парвоз ба Ню-Йорк шунидааст, қабл аз дидораш бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳошияи иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ гуфт, қатли Раббонӣ давлати ӯро аз таъқиби масири сулҳ бар нахоҳад гардонд: “Маъмурияте, ки ӯ бар дӯш гирифта буд, барои мардуми Афғонистон ва сулҳу амнияти Афғонистон ҳаётан муҳим буд. Мо ӯро хеле ва хеле ёд хоҳем кард. Фикр накунам, ки пур кардани ҷои ӯ кори саҳл бошад.”

Карзай ба маҳзи ҳалокати Раббонӣ қасд дорад сафари худ ба Ню-Йоркро баъди дидор бо Обама кӯтоҳ кунад ва ба Кобул баргардад.

"ТАЛАФОТИ ФОҶИАВӢ"

Барак Обама қатли Раббониро “талафоти фоҷиавӣ” номид ва маҳкум кард. Вале раисиҷумҳури Амрико афзуд, ки ӯву ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай ба ҷустуҷӯи роҳҳои хатми ҷанг тавассути музокирот пойбанд хоҳанд монд: “Ӯ марде

буд, ки амиқан ғами Афғонистонро мехӯрд ва як мушовири пурқимат барои президент Карзай буд. Ӯ дар эъмори муҷаддади ин кишвар саҳми азим дошт. Аз ин рӯ, қатли ӯ як бохти фоҷиавист. Аммо мо ҳарду мӯътақидем, ки бо вуҷуди ин ҳодиса, мо аз эҷоди роҳе, ки мардуми афғонро ба сӯи зиндагии озоду амн ва шукуфо мебарад, ақиб нахоҳем нишаст. “

Адмирал Майк Маллен, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико ва Леон Панетта, вазири дифоъи ин кишвар ҳарду қатли раҳбари Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бахше аз силсилаи сӯъиқасдҳо ба ҷони мақомоти баландпоя номиданд, ки ҷангиёни толиб ба маҳзи нокомӣ дар ҷабаҳоти ҷанг ба роҳ андохтаанд. Адмирал Маллен гуфт, Толибон дар набардҳои заминӣ даст ба муваффақияте наёфтанд ва аз ин рӯ, шеваи анҷоми ҳамалот алайҳи афроди баландпояро дунбол мекунанд. Ӯ гуфт, низомиёни Амрико ин қатлҳоро ҷиддӣ мегиранд, чунки аз нигоҳи стротегӣ ин ҳамалоти содда нест.

Леон Панетта, ки дар паҳлуи Маллен сӯҳбат мекард, қатли мақомоти баландпояи афғонро мояи нигаронӣ номид, вале гуфт, бо ин вуҷуд, нирӯҳои Амрико ба саркӯбии ҷангиёни толиб идома хоҳанд дод.

"БОЗ ЯК АМАЛИ БУЗДИЛОНА"

НАТО, паймони низомие, ки фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад, қатли Бурҳонуддин Раббониро “боз як амали дигари буздилона” номид. Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО гуфт, ин
Андерс Расмуссен, дабири кулли НАТО

амали мудҳиши террористиро маҳкум мекунад. Ба эътиқоди Расмуссен, чунин шеваи ҳамалот баёнгари дар тангно қарор гирифтани Толибон аст, вале онҳое, ки дар паси ин сӯъиқасд истодаанд, “ба натиҷа нахоҳанд расид.”

Покистон низ қатли Раббониро билофосила маҳкум кард. Раисиҷумҳури ҷумҳури ин кишвар Осифалӣ Зардорӣ ва сарвазир Юсуфризо Гелонӣ дар баёнияи муштараки худ Раббониро ҳамчун “дӯст” тавсиф кардаанд.

Аҳмадвалӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи фақиди Эътилофи шимол, мегӯяд, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро онҳое куштанд, ки тарафдори сулҳ нестанд. Аҳмадвалӣ Масъуд ҳалокати Раббониро як зоеъаи бузург нафақат барои Афғонистон, балки барои тамоми ҷаҳони Ислом номид.

Бурҳонуддини Раббонӣ рӯзи сешанбе дар манзилаш дар Кобул ҳангоми мулоқот бо намояндагони Толибон кушта шуд. Ин ҷунбиш масъулияти қатли Раббониро ба ӯҳда гирифт ва гуфт, ба хотири ба даст овардани эътимоди раиси Шӯрои
Аҳмадвалӣ Масъуд

олии сулҳ як ҳайъати баландпояро пешаш фиристод, ки гӯё ба музокирот бо давлат алоқа нишон медод, вале дар асл фақат қасди куштани ӯро дошт.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба Ройтерс гуфт, “Раббонӣ ҳамагӣ 3 қадам ба сӯи Муҳаммадмаъсум гузошта буд, ки ҷомаи ҳомили маводи мунфаҷираро тарконданд.”

Ба гуфтаи ӯ, Воҳидёр ном як толиби дигар ва 4 муҳофизи Раббонӣ низ он лаҳза дар манзил будаанд. Воҳидёр, ки дар аҳди Толибон дар мақоми вазорат буд, ба гуфтаи Муҷоҳид, алакай чанд дафъа ба манзили Раббонӣ рафта, бо ин ваъда, ки ба зудӣ раҳбарони Толибонро бо ӯ пушти мизи музокирот хоҳад овард, боварии ӯву муҳофизонашро ба даст оварда буд.

Аммо пулиси Кобул мегӯяд, маводи мунфаҷира дар саллаи маргталаб ҷобаҷо шуда буд. Пулис гуфт, дар ин ҳамла чанд тани дигар, аз ҷумла мушовири Карзай ва муовини Раббонӣ дар Шӯрои олии сулҳ Маъсум Станакзай ҷароҳат бардоштаанд.

ҚАТЛҲОИ СИЛСИЛАӢ

Қатли раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ идомаи як силсилаи давомдори қатлҳои мақомҳои баландпояи давлати Афғонистон аст, ки қатли генерал Довуд- фармондеҳи пулиси вилоёти шимоли Афғонистон дар Қундуз ва Аҳмадвалӣ – бародари хурдии Ҳомиди Карзай дар Қандаҳор аз ҳамин ҷумлаанд.

Бурҳонуддини Раббонӣ, ки ҳизби Ҷамъияти исломиаш аз пештозони ҷиҳод алайҳи артиши Шӯравӣ дар солҳои 80 буд, баъди ба Кобул нуфуз кардани муҷоҳидин ҷойгузини Сибқатуллоҳ Муҷаддадӣ дар мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон шуд. Вале баъди хатми 6 моҳи раёсаташ ин мақомро ба Гулбуддини Ҳикматёр насупурд, ки боиси аз нав аланга гирифтани ихтилофоти мусаллаҳона дар Афғонистон шуд. Соли 1996, дар пайи вуруди Толибон тарки Кобул кард, вале то поёни соли 2001 ҳамчунон раҳбари расмии Афғонистон шинохта мешуд.

Дар музокироти Бонн ӯ қудратро ба Ҳомиди Карзай супурд ва ахиран раиси Шӯрои олии сулҳ таъйин шуд, ки ин ниҳод масъулияти роҳандозии музокирот бо Толибонро бар ӯҳда дорад.

ХИЗМАТҲОИ УСТОД РАББОНӢ БАРОИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Раббонӣ дар солҳои 90 дар раванди истиқрори сулҳ байни давлати Тоҷикистон ва мухолифини дар Афғонистон паноҳбурдааш низ саҳми азим дошт. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик мегӯяд: "Дар ҳақиқат хидматҳои устод бузург буд барои мо – муҳоҷирони Тоҷикистон дар Афғонистон. Бисёр ба муҳоҷирон аз ҷиҳати таъмини ғизо ва ҷои зист кӯмак карданд. Ҳамчунин, барои ҳарчӣ зудтар қатъ шудани ҷанги тоҷикон ва бозгашти муҳоҷирон ба ватан низ хидматҳои зиёде намуданд."

Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон низ бо изҳори андӯҳ аз марги Раббонӣ гуфт: "Хидмати ин шахс барои сулҳи Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. Худи ӯ ҳам инсони хубу неке буд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG