Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон қатли Раббониро маҳкум карданд


Раҳбарони ҷаҳон қатли раҳбари собиқи Афғонистон Бурҳонуддин Раббониро маҳкум мекунанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама кушта шудани Бурҳониддин Раббониро “талафоти фоҷиавӣ” номид. Ҳамтои афғони ӯ Ҳомиди Карзай низ, ки ба хотири ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ ба Ню-Йорк рафта буд, барномаи боздидашро кӯтоҳ карда, ба Кобул бармегардад.
Раббонӣ, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва дар солҳои 90 раиси ин ҷумҳурӣ буд, дирӯз дар манзилаш дар Кобул аз сӯи як маргталаб кушта шуд. Масъулияти ин сӯъиқасдро Толибон бар ӯҳда гирифт. Пулис мегӯяд, ки маргталаб бомбро дар саллаш ҷо карда буд. Тафсилоти бештари ин қазия дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG