Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи нави Аҳмадинажод ба раҳоии Бауэр ва Фаттал


Аҳмадинажод дар Ню-Йорк

Аҳмадинажод дар Ню-Йорк

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бори дигар таъйид кард, ки бо вуҷуди таъхирҳо, кишвараш ҳарду кӯҳнаварди амрикоии дар Теҳрон бо ҷурми ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз маҳкумшударо раҳо хоҳад кард. Шон Бауэери 28-сола ва Ҷош Фаттал, ки 29 сол дорад, ҳанӯз моҳи июли соли 2009 дар марзи Ироқу Эрон боздошт шуда, дар моҳи август 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо мегӯянд, нодониста вориди хоки Эрон шудаанд. Аҳмадинажод ҳафтаи гузашта гуфт, ки онҳоро озод мекунанд, вале қувваи қазоияи Эрон ин ваъдаи ӯро ба чолиш кашонд. Аҳмадинажод инбор ба телевизиони амрикоии АВС гуфт, “онҳо хеле ба зудӣ ба озодӣ хоҳанд расид.”
XS
SM
MD
LG