Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди тунди Пиллай аз мақомоти Беларус


Навӣ Пиллай

Навӣ Пиллай

Кумиссари ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай дар гузоришаш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пиромуни вазъи Беларус аз Минск даъват кард, то тамоми маҳбусони сиёсиро билофосила раҳо карда, ба ҳайъати СММ иҷозаи боздид аз ин кишварро диҳад. Шӯрои ҳуқуқи башар дар моҳи июн саркӯбии мухолифин дар Беларусро маҳкум карда буд. Пиллай ба ин Шӯро гуфт, дар Беларус “вазъи ҳуқуқи башар дар пайи интихоботи рӯзи 19 декабри раёсати он ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза бад шуд” ва “мояи нигаронии хос озодии таҷаммӯъ, озодии баён, озодиҳои динӣ ва ҳуқуқ ба додгоҳи мунсифона” боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG