Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз суқути режими Қаззофӣ


Дидори Барак Обама бо Мустафо Абдулҷалил
Дидори Барак Обама бо Мустафо Абдулҷалил
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз “саҳифаи нав”-е, ки бо суқути режими Муаммар Қаззофӣ барои Либия фароҳам шудааст, истиқбол кард. Ӯ қабл аз нишасти намояндагони Амрико ва муттаҳидинаш пиромуни ояндаи Либия ба мардуми он кишвар ваъда супурд, ки ҷаҳон дар роҳи эъмори дубораи Либия дар канори онҳост ва ҳамлаҳои ҳавоии НАТО то замони рафъи хатари афроди содиқ ба Қаззофӣ идома хоҳад ёфт. Раҳбари Шӯрои миллии гузори Либия Мустафо Абдулҷалил аз кумакҳои эътилофи байналмилалӣ дар ҷараёни исёни зидди Қаззофӣ ситоиш кард. Бо ин ҳол, Қаззофӣ дар як паёми нави садоӣ мухолифинашро аз пайомадҳои пуштибонии НАТО ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG