Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ҳалокати Раббониро "талафоти фоҷиавӣ" хонд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама кушта шудани раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббониро “талафоти фоҷиавӣ” номид, вале гуфт, ӯву ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай аз роҳи музокирот ба хотири хатми ҷанг дар Афғонистон бар нахоҳанд гашт. Ҳомиди Карзай низ, ки қабл аз мулоқот бо Обама дар Ню-Йорк сӯҳбат мекард, гуфт, пур кардани ҷои Раббонӣ кори содда нест. Карзай ба маҳзи ҳалокати Раббонӣ боздидаш аз Амрикоро кӯтоҳ мекунад.
Бурҳонуддини Раббонӣ, ки дар солҳои 90 раисиҷумҳури Афғонистон буд, дирӯз дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Пулис мегӯяд, ки маргталаб бомбро дар саллаш ҷо карда буд. Масъулияти ин сӯъиқасдро Толибон ба дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG