Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 72 велосипедрон дар роҳҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар ҷараёни амалиёти “Велосипед”, ки пулиси роҳи Тоҷикистон аз 15 сентябр ба роҳ андохтааст, то имрӯз 72 велосипедронро боздошт кардаанд. Сухангӯи пулиси роҳ Муҳаммадҷон Назриев ба “Азия Плюс” гуфт, аксари онҳо ба далели насби сирена ва магнитофон дар васоили нақлиёти худ ҷарима баста шуда, бархе велосипедҳоро ҳатто мусодира кардаанд. Бино бар ин манбаъ, рӯзи 18 сентябр ду велосипедрони наврас дар ноҳияи Сомонии пойтахт зери чархи мошини “Опел-Астра” монда, ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG