Пайвандҳои дастрасӣ

Толори варзиш - ба ҷои масҷид?


Мақомоти вилояти Хатлон мехоҳанд масоҷиди сабтнашударо ба нуқтаҳои тиббӣ ва толорҳои варзиш табдил диҳанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, ҳукумати ноҳияи Ҷомӣ алакай дар моҳи июл 16 масҷидеро, ки худро аз нав сабти ном карда натавонист, ба чунин ниҳодҳои иҷтимоӣ табдил дод. Акнун дар навоҳии дигари Хатлон низ мехоҳанд аз ин таҷруба истифода кунанд. Мудири шӯъбаи дини ҳукумати вилоят Бобохон Шерматов гуфтааст, ки дар Хатлон 229 масҷид сабтиномнашуда боқӣ мемонад, вале ба бовари ӯ, 1718 масҷиди сабтиномшуда барои аҳолии вилоят кофист.
XS
SM
MD
LG