Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони айби нав ба раҳбари "Мовароуннаҳр"


Ҷӯрабек Охунов

Ҷӯрабек Охунов

Алайҳи раҳбари ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” айби нав эълон кардаанд. Ҷӯрабек Охунов, ки мурофиааш дар Додгоҳи олӣ идома дорад, акнун ба ғасби 750 000 сомонӣ маблағи сармоягузорони ин ширкат муттаҳам мешавад. Охунов ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд. “Мовароуннаҳр” аз соли 2005 ба бунёди манзилҳои баландошёна дар Душанбе машғул буд, вале баъди боздошти раҳбараш амалан аз фаъолият мондааст. Вакили Охунов – Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, тафтишоти молӣ нишон дод, ки ҳамаи 135 миллион сомонӣ маблағҳои “Мовароуннаҳр”, бо шумули 62 миллион сомонӣ пули саҳомдоронаш дуруст истифода шудааст.
XS
SM
MD
LG