Пайвандҳои дастрасӣ

"Газпромнефт" ба Душанбе 30 вагон бензин овард


Ширкати “Газпромнефт –Тоҷикистон” – воридкунандаи умдаи бензин ба бозори Тоҷикистон – воридоти ин навъи маводи сӯхт ба Душанберо аз сар гирифтааст. Ин ширкат мегӯяд, ахиран ба пойтахти Тоҷикистон 30 вагони ҳомили 1600 тонна бензин ворид шуд.
Ба дунбол, ҳамаи нуқтаҳои сӯхтфурӯшии “Газпромнефт” ба фурӯши бидуни маҳдудияти бензину дизел шурӯъ кардаанд.
Ин ширкат аз 5 сентябр ба маҳзи дар амборҳояш камчин шудани маводи сӯхт фурӯши бензини октанаш зиёдро маҳдуд карда буд.
Тақрибан 90 дарсади бозори маводди нафтии Тоҷикистонро “Газпромнефт” таъмин мекунад. Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали сол аз хориҷ 312 000 тонна маводди нафтӣ ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG