Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди Сандуқи пул


Сандуқи байналмилалии пул мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои имсолу соли оянда 6 дарсад пешбинӣ мекунад. Ба назари ин ниҳоди молӣ, раванди эҳёи иқтисод дар кишварҳои пасошӯравӣ таҳким хоҳад ёфт, вале қарзҳои қадима дар роҳи ҷоннок шудани ин иқтисодҳо мониа эҷод хоҳанд кард. Гузориши Сандуқи пул мегӯяд, то кунун рушди аксари ин кишварҳо ба нархи баланди ашёи хом бастагӣ дошт, вале кунд шудани суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ хатари кунд шудани суръати рушди ин кишварҳоро низ меафзояд. Ин гузориш анҷоми ислоҳоти бузург ба хотири беҳбуди фазои соҳибкорӣ, рушди низомҳои молӣ ва эҷоди ниҳодҳои муҳкам ба хотири тавсиаи зарфиятҳои рушдро ба кишварҳои пасошӯравӣ тавсия медиҳад.
XS
SM
MD
LG