Пайвандҳои дастрасӣ

Иди истиқлоли Арманистон ва Рӯзи ҷаҳонии сулҳ


Имрӯз, 21 сентябр, Екатеринбурги Русия мизбони нишасти дурӯзаи дабирони Шӯроҳои амният хоҳад шуд. Имрӯз дар Остонаи Қазоқистон анҷумани серӯзаи “Муҳити зист барои Аврупо” дар сатҳи вазирон оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар Пекин фиристодаҳои ду Корея мавзӯъи барномаҳои ҳастаии Кореяи шимолиро баҳс хоҳанд кард. Имрӯз иҷлоси 66-уми Маҷмаъи умумии СММ бо баҳсҳои умумӣ ба кор оғоз хоҳад кард. Имрӯз, 21 сентябр дар тақвимҳои байналмилалӣ Рӯзи байналмилалии сулҳ ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории Алтсҳеймер аст. Ва Арманистон имрӯз солгарди 20-уми истиқлолаш аз Иттиҳоди Шӯравиро таҷлил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG