Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай бино ба ҳалокати Раббонӣ сафараш ба Амрикоро лағв кард


Бурҳониддин Раббонӣ дар шаҳри Душанбе

Бурҳониддин Раббонӣ дар шаҳри Душанбе

Хабаргузориҳо тафсилоти нави куштори раисиҷумҳури пешини Афғонистон Бурҳонуддин Раббониро нашр карданд.

Ба навиштаи онҳо, шоми имрӯз дар манзили Раббонӣ дар Кобул дар ҳоле инфиҷор рӯх дод, ки ӯ бо ду намояндаи Толибон мулоқот дошт.

Муҳаммад Зоҳир, раиси бахши тафтишоти полиси Кобул ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки яке аз толибон дар саллаш маводи таркандаро пинҳон карда буд ва онро инфиҷор кард.

Дар ин ҳодиса чаҳор муҳофизи Раббонӣ ҳам ба ҳалокат расидаанд. Маъсум Станакзай, муовини Бурҳонуддин Раббонӣ дар Шӯрои олии сулҳ, ҷароҳат бардоштааст.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, сафари худ ба ИМА-ро лағв кард. Ҳавопаймои ӯ, ки ҷониби Амрико парвоз мекард, ба Кобул баргашт.

Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвазири кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ куштори яке аз маъруфтарин чеҳраҳои сиёсии Афғонистонро маҳкум карданд.

Бурҳониддин Раббонӣ аз соли 1992 то соли 1996 раисиҷумҳури Афғонистон буд ва баъди забти Кобул аз сӯи ҷунбиши "Толибон" сарвари Эътилофи шимолро бар ӯҳда дошт. Солҳои ахир ӯ ба Шӯрои олии сулҳ, ки ба хотири музокирот бо “Толибон” таъсис шуда буд, сарварӣ мекард.
XS
SM
MD
LG