Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиш дар шаҳри Кобул раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раиси Шӯрои Олии сулҳ Бурҳонуддин Раббонӣ кушта шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, чанд лаҳза пеш дар канори манзили Раббонӣ ва сафорати Амрико таркиши мудҳиш рӯх дод.

Бурҳонуддин Раббонӣ солҳои 90-ум раисиҷумҳури Афғонистон буд. Солҳои ахир ӯ ба Шӯрои олии сулҳ, ки ба хотири музокирот бо “Толибон” таъсис шуда буд, сарварӣ мекард.

Ҳадс зада мешавад, ки дар манзили Раббонӣ як маргталаб худро мунфаҷир кардааст.
XS
SM
MD
LG