Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон: Бурҳонуддини Раббониро мо куштем


Атрофи манзили Бурҳонуддини Раббонӣ дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ. Кобул, 20-уми сентябри соли 2011.

Атрофи манзили Бурҳонуддини Раббонӣ дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ. Кобул, 20-уми сентябри соли 2011.

Бино бар хабарҳо, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар дар як ҳамла ба манзилаш дар Кобул кушта шудааст.

Раисиҷумҳури пешини Афғонистон, раиси Шӯрои Олии сулҳи ин кишвар, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ дар сини 71-солагӣ дар Кобул кушта шуд.

Сухангӯи полиси Кобул, Ҳашмат Станакзай гуфт: “Инфиҷор дар дохили манзили Бурҳонуддини Раббонӣ ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он Раббонӣ шаҳид шуда, чанд нафари дигар захмӣ гаштаанд.”
Соли 1992, вақте ки режими коммунистии Наҷибулло фурӯ пошид, Раббонӣ яке аз аввалинҳо буд, ки вориди Кобул шуд ва пас аз муддати кӯтоҳе раисиҷумҳури Афғонистон интихоб шуд...


Шоҳидон айнӣ низ мегӯянд, дар назди манзили устод Раббонӣ, ки дар шафати сафорати Иёлоти Муттаҳида воқеъ аст ва минтақаи амни дипломатӣ шумурда мешавад, таркиш ба вуқӯъ пайвастааст.

Сардори бахши таҳқиқоти ҷиноии полиси Кобул, Муҳаммад Зоҳир гуфт, “аз ду нафаре, ки аз номи Толибон бюарои гуфтушунид ба назди Раббонӣ омада буданд, яке бомбаро дар саллааш пинҳон карда буд ва ҳангоме ки ба Раббонӣ наздик шуд, бомбаро мунфаҷир кард.” Ба гуфтаи Муҳаммад Зоҳир, Раббонӣ ва чаҳор нафари дигар дар ин таркиш ба ҳалокат расида, ноиби Раббонӣ, Маъсум Станакзай захмӣ шудааст.

Як узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, Фозил Карим Аймоқ гуфт, марде, ки гуфта мешуд, бо "паёми махсус" аз тарафи Толибон омадааст, шахси "мавриди эътимод" буд.

Ҷунбиши Толибони афғон бо изҳороти сухангӯи худ Забеҳулло Муҷоҳид масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Барак Обама
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама гуфтааст, ки қатли президенти пешини Афғонистон Амрикоро аз кӯмак ба мардуми афғон дар ҳаракат ба самти озодӣ ноумед нахоҳад кард. Обама гуфт, ҳалокати Раббонӣ як фоҷиа аст, зеро ин марде буд, ки амиқан барои сулҳи Афғонистон ғам мехӯрд.

Ин нуктаҳоро Обама дар оғози мулоқоташ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор дошт. Карзай қарор аст, баъд аз мулоқот бо Обама сафари худро дар Амрико қатъ кунад ва ба Афғонистон баргардад.

Ҳукумати Покистон қатли Бурҳонуддини Раббониро шадидан маҳкум кард ва ӯро “дӯсти худ” номид, ки якҷо бо Исломобод барои сулҳ талош мекард. Ин изҳоротро раисиҷумҳури Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ имзо кардаанд.



Бурҳонуддини Раббонӣ, яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.
Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳонуддини Раббонӣ, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд

Толибон дар соли 1996 ҳукумати ӯро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд. То ба қудрат расидани ҳукумати Ҳомид Карзай аксари кишварҳои ҷаҳон Бурҳонуддини Раббониро раҳбари қонунии Афғонистон мешумурданд. Пас аз оғози ҷанги зидди ваҳшатафканӣ бо ширкати эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида низ Раббонӣ яке аз пешвоёни маънавии Афғонистон буд.



Бо назардошти ин Раббонӣ раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон баргузида шуд. Ин шӯрои иборат аз 68 узв, ки ҳар кадоми онҳо бо дастури раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай интихоб шудаанд, дар авҷи хабарҳои гуфтушуниди пинҳонӣ бо толибон рӯзи 7-уми октябри соли 2010 таъсис ёфт. Дар паёми худ ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, Раббонӣ гуфт, вай мӯътақид аст, ки сулҳ дар кишвар ба даст хоҳад омад.




Бурҳонуддини Раббонӣ дар соли 1940 дар Бадахшони Афғонистон ба дунё омад. Бахши ҳуқуқи исломӣ ва фиқҳро дар Донишгоҳи Кобул ба поён бурда, сипас дар Донишгоҳи Ал-Азҳар дар Қоҳира таҳсил кард ва унвони профессори фалсафаи исломро соҳиб гашт.

Дар соли 1968 ба Афғонистон баргашт ва ба ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон шомил шуд. Дар соли 1972 раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Дар соли 1974 полис талош кард ӯро ҳабс кунад, аммо бо кӯмаки донишҷӯён ва омӯзгорон аз Кобул фирор кард ва муддате пинҳон буд. Соли 1979 вай дар раъси Ҷамъияти исломии Афғонистон ба ҳаракати ҷиҳодии зидди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бипайваст.



Соли 1992, вақте ки режими коммунистии Наҷибулло фурӯ пошид, Раббонӣ яке аз аввалинҳо буд, ки вориди Кобул шуд ва пас аз муддати кӯтоҳе раисиҷумҳури Афғонистон интихоб шуд.

То 1996 дар Кобул буд, вале баъд аз он ки толибҳо пойтахти Афғонистонро ишғол карданд, ба тарки Кобул маҷбур шуд, вале муддати зиёде Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати ӯро эътироф мекарданд. Вай амалан раҳбари сиёсии Эътилофи Шимол буд, ки дар соли 2001 ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар барканории Толибон кӯмак кунад.

Бурҳонуддини Раббонӣ дар расидани тарафҳои тоҷик ба сулҳ ва ризоияти миллӣ кӯмаки зиёд кард ва мулоқоте, ки ӯ барои
Сайидамир Зуҳуров

раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хусдеҳ (шимоли Афғонистон) тартиб дод, гардишеро дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба вуҷуд оварда, раванди оштӣ ва тафоҳумро тезонд.

Сайидамир Зуҳуров, вазири амнияти вақти Тоҷикистон аз хабари ҳалокати Раббонӣ шадидан изҳори таассуф кард ва гуфт, "хидмати ин шахс барои сулҳи Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. Худи ӯ ҳам инсони хубу неке буд."

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик, устод Раббониро пешвои ҳамаи қавмҳои Афғонистон хонд ва қатли ӯро як зоеаи бузург ва ҷинояти нобахшиданӣ унвон кард.

Мӯъмин Қаноат
Оқои Қаноат афзуд: "Дирӯз (19 сентябр) дар чойхонаи "Роҳат" маҳфили ёдбуди Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва зиёиёну донишмандон дар он маҷлиси ёдбуд ҳузур доштанд. Дар зимни сӯҳбатҳову меҳрномаҳову муҳаббатномаҳову ашъоре, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд эҳдо шуда буд, аз устод Раббонӣ ҳамчунон ёд карданд, ки марди бузург, олим, файласуф ва яке аз ҳакимону мардони хирадманди Афғонистон аст. Ин унвонро барои ӯ касе тақдим накардааст. Ӯ олим ва донишманд буд дар риштаи фалсафаи нақшбандия. Ӯ як марди ориф, пок ва ватанпарвар буд ва кулли ҷомеаи Афғонистонро ҳамчун бародар ва ҳамчун дӯст мепазируфт ва истиқбол мекард ва барои Афғонистон ҳамеша дар талош буд."



Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси кишвар, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл (18 сентябр) бо Бурҳонуддини Раббонӣ дар ҳамоиши "Бедории исломӣ" дар Теҳрон мулоқот доштааст, аз хидматҳои ӯ дар истиқрори сулҳи тоҷикон ва бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан қадрдонӣ намуд: "Дар ҳақиқат хидматҳои устод бузург буд барои мо – муҳоҷирони Тоҷикистон дар Афғонистон. Бисёр ба муҳоҷирон аз ҷиҳати таъмини ғизо ва ҷои зист кӯмак карданд. Ҳамчунин, барои ҳарчӣ зудтар қатъ шудани ҷанги тоҷикон ва бозгашти муҳоҷирон ба ватан низ хидматҳои зиёде намуданд."

Ҷаноби Тӯраҷонзода ҳамчунин гуфт, дар охирин сӯҳбаташ бо устод Раббонӣ роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон, аз ҷумла вазъи диндорон ва тасвиби қонун дар бораи масъулияти волидайн гуфтугӯ кардааст.




Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, аз устод Раббонӣ ба унвони як шахсияти ҷаҳонӣ ёд кард ва гуфт, ки бо рафтани ӯ, сулҳ дар Афғонистон латмаи сахте дид.

Ӯ афзуд: "Устод Бурҳонуддини Раббонӣ яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ буданд, чунки онҳо дар ҳама мавридҳо, на танҳо дар мавриди сулҳи Афғонистон, балки тамоми минтақа саъй ва талош мекарданд. Бахусус, ба наздикӣ як паёме ба мардуми Тоҷикистон доштанд ва дар он ҷо
Сайфулло Сафаров

масъалаи сулҳи Тоҷикистон ва нигоҳ доштани онро матраҳ намуда буданд. Ман низ давоми даҳ-понздаҳ сол пеш сӯҳбатҳое бо ин устоди бузург доштам ва аз ӯ хотираҳои хубе ҳам дорам. Марги устод боиси нигаронии зиёд аз давом додани музокираи сулҳ дар Афғонистон аст, чунки устод Раббонӣ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сари ин шахсият боварӣ дошт ва аксари мардуми Афғонистон ба ин шахсият боварӣ доштанд. Ҳоло намедонам, ки дигар чӣ шахсияте дар Афғонистон нақши калидӣ дошта бошад барои сулҳи ин кишвар. Масъалаи сулҳи Афғонистон шояд масъалаи мустақиле бошад. Аммо ин сулҳ бо рафтани Бурҳонуддини Раббонӣ латмаи сахте дид ва мешавад гуфт, ки муваққатан ба шикаст мувоҷҷеҳ шуд."



Акбаршоҳ Искандаров
Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, кушта шудани Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистонро ба дард қабул кардааст. Вай гуфт, устод Раббонӣ танҳо нафаре буд, ки тамоми гурӯҳҳо дар Афғонистон ба ҳарфи ӯ гӯш медоданд.

“Кушта шудани Бурҳонуддини Раббонӣ на танҳо барои Афғонистон, балки барои Тоҷикистон низ талафоти бузург аст. Чунки эшон яке аз шахсиятҳои маъруфи миллати мо ва боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон буданд”,-афзуд ӯ.

Султони Ҳамад, коршиноси умури амниятӣ дар Тоҷикистон, ки борҳо бо Бурҳонуддини Раббонӣ дидору сӯҳбатҳо доштааст, аз хидматҳои ӯ дар сулҳи тоҷикон ёдоварӣ кард. Вай гуфт, бо талошҳои Бурҳонуддини Раббонӣ вохӯриҳои ҳассос ва сарнавиштсози ҷонибҳои даргири Тоҷикистон баргузор шудааст.

“Устод Раббонӣ ҳамон таҷрубаеро, ки аз сулҳи тоҷикон дошт, мехост, дар Афғонистон амалӣ кунад. Вай зиёд мехост, ки дар Афғонистон сулҳу салоҳ шавад. Фикр мекунам, куштори ӯ давоми ҳамла ва қатлу куштори шахсиятҳои маъруфи миллати тоҷик дар Афғонистон аст, ки феълан дар вазифаҳои хеле масъул ҳастанд. Ин давоми ҳамон кушторҳо аст”,-илова кард оқои Ҳамад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG