Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байнулмилал: “Зарбаи нерӯи барқ, оби ҷӯш ва сард...”


Созмони Афви Байнулмилал дар изҳороти наве таваҷҷӯҳи мақомоти Тоҷикистонро ба шиканҷаи маҳбусон ҷалб кард.

Ин ниҳоди байнулмилалӣ мегӯяд, махсусан айбдоршавандагони тундгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон дар давраи боздошти ибтидоӣ ва пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

ЗАРБАҲО БО НЕРӮИ БАРҚ

Рӯзи 16-уми сентябр Илҳом Исмонов, яке аз 53 айбдоршавандаи узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки дар боздоштгоҳи шумораи 2-вуми Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд, ба додраси парвандаи худ гуфтааст, ба ӯ фишор оварда мешавад, то шикояташро аз шиканҷа ва бадрафтори муфаттишон бозпас бигирад.

Вай аз тарси вокуниши мақомоти интизомӣ майл нишон надод, дар ин бора сӯҳбат кунад. Хабарнигорон аз мушоҳидаи раванди додгоҳ маҳрум буданд, зеро муҳокима дар маҳбас паси дарҳои баста ҷараён ёфтааст. Мақомот мегӯянд, ин тасмим барои берун нарафтани иттилои махфӣ гирифта шудааст.

Аз оғози баррасии ин парванда дар додгоҳ дар 11-уми июл айбдоршавандагони дигар низ ба додрас гуфтаанд, ки барои иқрор ва айбдор кардани дигарон ҳадафи шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Як мард, бино бар хабарҳо, ба додрас гуфтааст, ки афсарони мақомоти интизомӣ ба номуси ӯ таҷовуз кардаанд.

БА ХОТИРИ ИҚРОР ВА ЭЪТИРОФ

Аксари ҳамқазияҳои Илҳом Исмонов ба даст доштан дар таркиши рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 дар назди Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Хуҷанд айбдор мешаванд, ки дар натиҷаи он чанд нафар кушта ва зиёда аз 20 тан захмӣ шудаанд.

Созмони Афви Байнулмилал дар изҳороти худ таъкид кардааст, ки бино бар қонунҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон, иттилоъ ва иқроре, ки дар натиҷаи шиканҷа ё таҳдиди шиканҷа ва бе ҳузури вакилони дифои айбдоршавандагон ба даст меоянд, набояд дар додгоҳ ба ҳайси далел истифода шавад. Корбурди чунин маълумот барои айбдор кардани дигарон низ мамнӯъст. Ин созмони ҷаҳонӣ меафзояд, ҳама гуна шикояти бадрафторӣ ё таҳдиди шиканҷаи боздоштшудагон бояд амиқан, бетарафона ва ба таври мустақил пажӯҳиш шавад.

Бино бар хабарҳое, ки созмони Афви Байнулмилал аз манобеи худ дастрас кардааст, Илҳом Исмонов дар моҳи ноябри соли 2010 дар “Шӯъбаи шашум”-и раёсати умури дохилии Хуҷанд мавриди шиканҷа, аз ҷумла бо истифода аз нерӯи барқ, рехтани оби сард ва ҷӯш аз саропо қарор гирифтааст. Ҳамсари Исмонов рӯзи 6-уми ноябр бо шавҳари худро мулоқоти кӯтоҳ доштааст. Вай ба созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, осори зарбаи барқ ва чанд изи буридаро дар гардани Исмонов дидааст.

ИЗҲОРОТИ ВАКИЛИ ДИФОЪ

Вакили дифои Исмонов аввалин бор танҳо рӯзи 12-уми ноябр, яъне 9 рӯз пас аз боздошт ва ҳангоми муҳокимаи ибтидоӣ шахси зерҳимояи худро дидааст. Ҳарчанд Исмонов дар ин муҳокима ба додрас аз шиканҷа шудани худ хабар дод ва изи шиканҷаро дар ҷисми худ нишон дод, додрас ба ин суханони ӯ расидагӣ накард ва ба вакил гуфт, ин иттиҳомотро бо муфаттишон баррасӣ кунад.

Пас аз шикоятҳои батакрори ҳамсари Исмонов ва аз тақозои созмони Афви Байнулмилал, бо таъхири тӯлонӣ муоинаи тиббии Исмонов ҷараён гирифт, ки дар хулосаи он рӯзи 27-уми ноябри соли гузашта мавҷуд набудани ягон осори шиканҷа сабт гардид. Дар нома ба ҳамсари Исмонов ва вакли дифои ӯ додситони вилояти Суғд навишт, ки айбдоршаванда шиканҷа нашудааст, аммо дар ин нома гуфта нашудааст, ки ба чӣ далел додситон чунин натиҷагирӣ кардааст.

АЙБНОМАИ ИЛҲОМ ИСМОНОВ


Бино бар айбнома, Илҳом Исмонов дар соли 2010, вақте ки дар Маскав мезист, ба Ҳаракати Исломии Узбакистон пайвастааст. Вақте ки ӯ дар моҳи сентябр хост, ба Тоҷикистон баргардад, Исмон Азизов, шахси дигаре, ки низ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар узвият ба ин ҷунбиш абйдор мешавад, аз Илҳом хостааст, ду телефони ҳамроҳ ва як диски видеоро барои таҳкими равобит ба аъзои дигари Ҳаракати Исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон расонад. Дар айбнома инчунин гуфта мешавад, ба исмонов супориш шудааст, ки дар бораи як афсари “Шӯъбаи 6-ум” дар ноҳияи Исфара иттилоъ ҷамъоварӣ кунад. Рӯзи 18-уми октябр Исмонов телефонҳо ва видеоро ба шахсе додааст, ки мақомот ӯро узви Ҳаракати Исломии Узбакистон мешуморанд.

Ин иттилоъ ва иқрори ин амалкардҳо, ба навиштаи созмони Афви Байнулмилал, аз тарафи Исмонов имзо шудаанд. Аммо дар зери фишор, латукӯб ва шиканҷа. Худи ӯ ба вакилаш гуфтааст, ҳаргиз узви ҳизуб ҳаракате набудааст ва телефону дискро бо дархости ҳамватанаш ба шахсе расонд, ки ӯро намешиносад.

Исмон Азимов, ки низ дар боздошт ба сар мебарад, ҳамчунон узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистонро рад мекунад ва мегӯяд, аз Исмонов хоҳиш кардааст, телефонҳоро ба хешовандонаш расонанд. Вай мегӯяд, ҳеҷ гуна диски видео ба Исмонов надодааст. Вай гуфт, бо ин телефонҳо наздиконаш метавонистанд, ба нархи арзон бо ӯ, ки дар Русия муҳоҷир буд, гуфтугӯ кунанд.

ПАРВАНДАИ ЗАФАР КАРИМОВ

Зафар Каримов низ бо иттиҳоми ҳамсони даст доштан дар таркиш боздошт шуда, аз 11-уми сентябри соли 2010 дар маҳбас аст ва низ зери фишору шиканҷа баёнот додааст. 23-юми сентябр Бахтиёр Насруллоев вакили ӯ таъйин шуд, аммо бо вуҷуди талошҳои зиёд зерҳимояи худро танҳо дар муҳокимаи ибтидоӣ, рӯзи 28-уми октябр дид. Ин муҳокима барои он ба вуқӯъ пайваста буд, ки додрас мебоист, мӯҳлати боздошти ӯро дароз мекард.

“Мо дар толори додгоҳ, дар ҳузури афсарони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ, посбонон ва додситон вохӯрдем ва ҳеҷ имконияте барои гуфтугӯ набуд. Ман ба додрас шикоят кардам ва гуфтам, ҳеҷ далел барои дароз кардани мӯҳлати боздошти Каримов вуҷуд надорад ва гуфтам, ман ба ягон бозпурсӣ ва фаъолиятҳои тафтишотӣ даъват нашудаам ва иҷозаи мулоқот бо зерҳимояи худро надоштам,” – гуфтааст вакил Насруллоев ба созмони Афви Байнулмилал.

Пас аз муҳокимаи ибтидоӣ низ ба вакили дифоъ, бо вуҷуди талошҳои батакрораш, иҷоза дода нашуд, бо маҳбус Зафар Каримов мулоқот кунад. Иҷозаи мулоқоти номаҳдуд ногаҳон, дар моҳи декабри соли 2010, замоне ба ӯ дода шуд, ки раиси бахши тафтишоти Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ба вазифаи дигар гузашт ва ба ҷои ӯ каси нав таъйин шуд.

МУШОҲИДАИ НОЗИРОНИ ВАЗЪ

Нозирони вазъ ба ин нукта ҳам таваҷҷӯҳ кардаанд, ки боздоштшудагон муддати зиёд дар маҳбаси кумитаи амният нигоаҳдорӣ шуда, сипас ба боздоштгоҳи умумӣ интиқол ёфтаанд. Аз ҷумла, Каримов ду моҳ дар маҳбаси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ нигаҳдорӣ ва маводи парвандаи ӯ низ дар ҳамин давра омода шудааст.

Ин таҷрибаро, Гузоришгари вижаи Созмони Милал умури марбут ба шиканҷа ин гуна шаҳр додааст: “ Онҳое ки қонунан боздошт шудаанд, набояд ба таври дуру дароз дар иншооте нигаҳдорӣ шаванд, ки зери назорати муфаттишон аст. Қонун барои ин 48 соатро муақррар кардааст, ки барои тасдиқи дастури боздошт дода шудааст.”

Аз сӯи дигар, ба навиштаи созмони Афви Байнулмилал, аксари шикоятҳои марбут ба шиканҷа дар Тоҷикистон ба давраи аввали боздошти афрод рост меояд. Аз шиканҷа дар чунин ҳолатҳо бештар барои он кор гирифта мешавад, ки боздоштшуда иттиҳомро бипзирад ва иқрор кунад. Танҳо дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа барои ба даст овардани пул истифода шудааст. Созмони Афви Байнулмилал аз паврандаҳое, ки дар изҳороти худ номбар кардааст, шадидан нигарон мебошад ва мақомоти Тоҷикистон хост, ба онҳо расидагии комил ва дуруст анҷом шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG