Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Анқара се нафар кушта шудаанд


Бар асари таркиш дар шаҳри Анқара, пойтахти Туркия, се нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Табибон вазъи чаҳор нафари онҳоро сангин арзёбӣ мекунанд. Ҳалокати се нафарро Булент Аринк, муовини сарвазири Туркия, тайид кард. Ба гуфтаи ӯ, бомб дар як мошин дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳр гузошта шуда буд. Бар асари таркиш ва сӯхтор ба чанд мошин осеб расида, шишаҳои теризаҳои биноҳои атроф фурӯ рехтаанд.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG