Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори мақомоти Баҳрайн ба эътирозгарони эҳтимолӣ


Намоишҳои эътирозии қаблӣ аз сӯи артиши Баҳрайн саркӯб шуданд

Намоишҳои эътирозии қаблӣ аз сӯи артиши Баҳрайн саркӯб шуданд

Мақомоти Баҳрайн ба ширкаткунандагони эҳтимолии намоишҳои эътирозӣ ҳушдор доданд, ки агар онҳо рӯзи шанбе барои ҳаракати нақлиёт дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо монеъа эҷод кунанд, барои як сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Изҳороти вазорати умури дохилии Баҳрайн дар ин бора аз тариқи садову симои кишвар пахш шуд.

Рӯзи шанбе дар Баҳрайн интихоботи миёнадавраӣ ба парлумони кишвар баргузор мешаванд – 18 вакил ба ҷойи вакилони шиамазҳабе интихоб хоҳанд шуд, ки моҳи феврал ба нишони эътироз алайҳи саркӯбсозии намоиши эътирозии шиаҳо истеъфо дода буданд.

Мухолифини ҳукумати Баҳрайн мардумро ба таҳрими интихобот даъват намуданд.
XS
SM
MD
LG