Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони айби нав алайҳи раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр”


Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки як сол инҷониб дар боздошт қарор дорад...

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки як сол инҷониб дар боздошт қарор дорад...

Ҷӯрабек Охунов акнун дар тасарруфи 750 000 сомонӣ пули Оҷонси давлатии суғурта низ муттаҳам мешавад.

Мақомот мегӯянд, ширкати “Мовароуннаҳр” тибқи қарордоде, ки миёни ин ширкат ва Оҷонси давлатии суғурта имзо шудааст, бояд ду биноро дар навоҳии Турсунзодаву Данғара сохта ва ба истифода медод. Коре, ки то ҳанӯз иҷро нашудааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр” мегӯяд, мақомот дар ҳоле Ҷӯрабек Охуновро ба тасарруфи 750 ҳазор сомонии Оҷонси давлатии суғурта муттаҳам мешуморанд, ки ӯ аз моҳи ноябри соли 2010 дар боздошт қарор дорад ва ширкаташ низ ба фаъолияти худ идома намедиҳад.



Ба гуфтаи ӯ, ба иллати боздошти раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр” дар соли гузашта сохтмони ин ду бино низ нимакора боқӣ мондааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, ин биноҳо бояд дар охири соли 2010 мавриди истифода қарор мегирифтанд.

Вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов мегӯяд, то замони боздошти раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр” қисмате аз корҳои сохтмонии ин ду бинои Оҷонси давлатии суғурта дар Турсунзодаву Данғара анҷом ва ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ шудааст, ки ҳоло дар анбори ин ширкат нигаҳдорӣ мешавад.



"Ин айби эълонкардаашон комилан нодуруст аст. Мо бо ин розӣ нестем ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ мо бегуноҳии Ҷӯрабек Охуновро исбот хоҳем кард", -афзуд ӯ

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки қаблан дар тақаллубкорӣ муттаҳам мешуд, ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта боздошт ва мурофиаи додгоҳии ӯ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки бо боздошти раҳбараш фаъолияти он низ қатъ шудааст. Ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳҳомдорон будааст.



Ҳоло бештар аз ҳама наздики 700 нафар афроди ҷабрдида, ки интизори манзилҳои худ мебошанд, нигарон ҳастанд, ки пас аз боздошти раиси ширкати "Мовароуннаҳр" наздики як сол мешавад, на мақомоти давлатӣ ва на мақомоти дигар дар бораи наҳваи баргардони зарари онҳо сӯҳбат намекунанд.

Аксари ин афрод, ки дар ибтидо алайҳи ширкати "Моваронуннаҳр" аризаи шикоятӣ навиштаанд, ҳоло аризаҳои худро пас гирифта хостори ин ҳастанд, ки раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд ва ба мушкил онҳо расидагӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG