Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Яман се рӯз боз задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва низлмиёни бо мухолифин пайваста идома дорад.

Cубҳи имрӯз баъди мушакборони қароргоҳи эътирозгарон дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Санъо тирпарронии шадид сурат гирифт. Дар ин ҳодиса дасти кам ҳафт нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Аз ин пеш мухолифин ва низомиёни бо онҳо пайваста бидуни тирпарронӣ ба пойгоҳи Горди ҷумҳурии Яман дар пойтахт, шаҳри Санъо ворид шуданд.

Шурӯъ аз рӯзи якшанбе бар асари саркӯбсозии намоишҳои нави эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ аз сӯи нерӯҳои амниятии Яман тақрибан 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба хотири роҳандозии муколама миёни ҳукумату мухолифин фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ ва раиси Шӯрои ҳамкориҳои халиюи Форс ба Санъо омадаанд.

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, ки моҳи июн барои табобат ба Арабистони саудӣ рафта буд, то ҳол ба кишвар барнагаштааст.
XS
SM
MD
LG