Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиш дар шаҳри Анқара, пойтахти Туркия, тақрибан 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазъи чаҳор анфари маҷрӯҳон сангин арзёбӣ мешавад.

Сабабҳои инифҷор алҳол маълум нест. Гуфта мешавад, ки дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳр мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шудааст.

Бар асари таркиш ва сӯхтор ба чанд мошин осеб расида, шишаҳои теризаҳои биноҳои атроф фурӯ рехтаанд. Дар ҷойи ҳодиса тафтишот оғоз ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG