Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мурофиаи додгоҳии Урунбой Усмонов дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи хабарнигори Би-Би-Си Урунбой Усмонов идома дорад. Дирӯз дар мурофиа баёноти раҳбари Ҳизб-ут-таҳрир дар Тоҷикистон Шариф Ёқубов алайҳи Усмонов қироат шуд, ки дар он гуфта шудааст хабарнигори Би-Би-Си аз ақидаҳои ин ҳизб пуштибонӣ мекунад. Ва аммо Урунбой Усмонов ин баёнотро дасиса хонд.

Мурофиаи хабарнигорро сафири Бритониё дар Тоҷикистон Тревор Мур, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ назорат мекунанд.

Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии радиои Би-Би-Си 13 июни соли равон боздошт ва баъд аз як моҳ шартан аз маҳбас раҳо шуда буд. Ӯ дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ ҳар ду иттиҳом - узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир ва пинҳон нигаҳ доштани иттилои сирриро рад карда буд.

Боздошти Урунбой Усмонов вокунишҳои манфиии созмонҳои хабарнигорӣ ва ҳуқуқи башар ва дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро ба бор оварда буд.
XS
SM
MD
LG