Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талошҳо барои наҷоти мардум дар Ҳимолой


Наҷотбахшон дар аёлати Сиккими Ҳиндустон талошҳо барои пайдо кардани афроди зиндамонда бар асари заминларзаи шадид дар кӯҳҳои Ҳимолойро идома медиҳанд.

Бар пояи ахбори ахир, дар заминларзае, ки рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, 79 нафар ба ҳалокат расидаанд. Тақрибан 50 тан аз қурбониён – сокинони аёлати Сиккиманд.

Заминҷунбӣ идома дорад ва садҳо нафар ду шаби ахиро берун аз манзилҳои зист рӯз кардаанд.

Заминларза ба ҷуз Ҳиндустон дар Непал, Чин ва Бутан ҳам эҳсос шуд. Дар Непалу Чин ҳам бар асари заминларза чанд нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG