Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин пойгоҳи Горди ҷумҳурии Яманро забт карданд


Дар Яман ҳазорон ҷонибдорони мухолифин ҳамроҳ бо низомиёни ба онҳо пайваста ба пойгоҳи Горди ҷумҳурии Яман дар пойтахт - шаҳри Санъо ворид шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин ҳамла бидуни тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Ҳамчунин субҳи имрӯз бар асари мушакборони қароргоҳи эътирозгарон дар пойтахт ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ду рӯзи гузашта бар асари саркӯбсозии намоишҳои нави эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ аз сӯи нерӯҳои амниятии Яман дасти кам 50 нафар кушта шуданд.

Муҳаммад ал-Қубодӣ, як табиби бемористони Санъо ба хабаргузории Рейтер гуфт, "мо ҳарду ҷониби низоъ, ҳамчунин созмонҳои хайрия, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, кормандони ҳама сафоратҳои хориҷии муқими кишварамонро даъват мекунем, ки ба хотири хатми хушунату куштор ба вазъ дахолат кунанд". Ӯ афзуд, "онҳое, ки пушти ин хушунатанд, ҳама арзишҳои башарии худро гум кардаанд".

Ба хотири роҳандозии муколама миёни ҳукумату мухолифин фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ ва раиси Шӯрои ҳамкориҳои халиюи Форс ба Санъо омадаанд.

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, ки моҳи июн барои табобат ба Арабистони саудӣ рафта буд, то ҳол ба кишвар барнагаштааст.
XS
SM
MD
LG