Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон: ИМА набояд нокомиҳояшро ба дӯши Исломобод андозад


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида борҳо Покистонро ба доштани равобит бо тундравон муттаҳам намудааст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, Амрико набояд нокомиҳояш дар мубориза алайҳи тундравон дар Афғонистонро ба дӯши ин кишвар бигузорад.

Ин дар ҳолест, ки Вашингтон рӯзи шанбе Исломободро муттаҳам ба доштани равобит бо шабакаи Ҳаққонӣ кард. Гурӯҳе, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта бар сафорати Амрико ва қароргоҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Кобулро роҳандозӣ карда буд.

Як мақоми аршади покистонӣ, ки нахост номаш ифшо шавад ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ҳар боре, ки дар Кобул ё кадом шаҳри дигари Афғонистон ҳамлаи бузург сурат гирифтааст, тӯҳмат ва тӯҳматбозӣ шурӯъ шудааст. Онҳо ба ҷои он ки моро муттаҳам кунанд, бояд дар он сӯи сарҳад, яъне дар дохили Афғонистон ба зидди террористон иқдом намоянд.



Сафири Амрико дар Покистон дар як мусоҳибаи мунташиршуда дар радиои Покистон ба таври возеҳ Исломободро муттаҳам ба доштани равобит бо шабакаи Ҳаққонӣ намуда, гуфтааст шавоҳиди дақиқ ҳам дар замина мавҷуданд.

Вашингтон борҳо Покистонро муттаҳам ба доштани равобит бо тундравон намудааст, ки дар Покистон махфианд ва оташи хушунатҳоро дар Афғонистон доман мезананд, вале Исломобод мегӯяд, нерӯҳои амниятии Покистон дар мубориза бо тундравон қурбониҳои зиёд додаанд ва ҳар иддаое бар ҳимояти Покистон аз тундравон беасос аст.

Гуфта мешавад шабакаи Ҳаққонӣ, ки бо Толибон ва Ал-Қоида робита дорад, хатарноктарин гурӯҳе аст, ки маргбортарин ҳамлаҳо бар нерӯҳои хориҷиро анҷом медиҳад.

Баъд аз ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта дар Кобул, ки шабакаи Ҳаққонӣ масъули он дониста шудааст, вазири дифои Амрико Леон Панетта Покистонро ҳушдор дод, ки Амрико барои дифоъ аз нерӯҳои худ, ки мавриди ҳамлаҳои тундравони мустақар дар Покистон қарор мегиранд, аз ҳеҷ талош дареғ нахоҳад кард.



Як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, вазири хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи якшанбе ба ҳамтои покистониаш Ҳино Раббонӣ Кҳар мулоқот намуда ва дар баҳсҳои беш аз сесоата бо вай, бар Покистон фишор ворид кард, ки иқдомоти ҷиддиро бар зидди шабакаи Ҳаққонӣ рӯи даст бигиранд.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, дар баҳсҳои вузарои хориҷаи Амрико ва Покистон рӯи мавзӯи терроризм, махсусан шабакаи Ҳаққонӣ баҳсҳои густурда сурат гирифтааст.

Як мақоми баландрутбаи покистонӣ ба Ройтерз гуфтааст, амрикоиҳо мегӯянд, ки тундравон аз Покистон вориди Афғонистон мешаванд ва то ба Кобул мерасанд, вале касе онҳоро дастгир карда наметавонад, ин масъулияти онҳост на масъулияти мо.
XS
SM
MD
LG