Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо раҳбари Шӯрои гузор мулоқот мекунад


Мустафо Абдулҷалил
Мустафо Абдулҷалил
Қарор аст, раҳбари Шӯрои миллии гузори Либия Мустафо Абдулҷалил имрӯз дар Ню-Йорк, дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мулоқот кунад. Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои ҳукумати муваққати Либия дар набардҳо бо нирӯҳои собиқ ба Муаммар Қаззофӣ дар Банӣ Валид ва зодгоҳи ӯ – Сирт – дармондаанд. Шӯрои гузор ҳамчунин то ҳол ба ташкили кобинаи муваққати вазирон даст наёфтааст. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дирӯз Ян Мартини бритониёиро раҳбари барномаи ҷадиди ҳимояти ин созмон аз Либия таъйин кард.
XS
SM
MD
LG