Пайвандҳои дастрасӣ

Юкос аз давлати Русия 98 миллиард ҷуброн $ мехоҳад


Интизор меравад, додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страссбург имрӯз ҳукмаш дар мавриди шикояти ширкати барҳамхӯрдаи Юкосро эълон кунад. Ин ширкат, ки соли 2007 барҳам дода шуд, акнун аз давлати Русия 98 миллиард доллар ҷуброни хисорот талаб дорад. Юкос дар аризааш ба додгоҳ мегӯяд, раҳбарияти Русия дар аҳди Владимир Путин ин ширкатро бо иттиҳоми қаллобӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ғайриодилона таҳти таъқиб қарор дод. Раҳбари Юкос Михаил Ходорковскийро дар Русия бо чунин иттиҳом зиндонӣ кардаанд. Аммо тарафдоронаш ин иттиҳомотро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд. 98 миллиард долларе ки Юкос аз давлати Русия мехоҳад, бузургтарин талаби ҷуброн дар таърихи додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупост.
XS
SM
MD
LG