Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

S & P эътибори Итолиёро як нуқта пойин овард


Рӯзҳои сахти сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ҳанӯз дар пеш аст
Рӯзҳои сахти сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ҳанӯз дар пеш аст
Ожонси рутбасанҷи “Standard & Poor's” (S & P) эътибори Итолиёро як нуқта – аз "A+" то "A" пойин овард. Ин иқдом уфти дигаре барои минтақаи еврост, ки бо буҳрони қарз даст ба гиребон шудааст. S & P дар баёнияаш гуфт, эътибори Итолиё шояд боз ҳамин пойинтар бурда шавад, чунки дурнамои иқтисодаш аз сӯи S & P “манфӣ” қазоват шудааст. Ба бовари S & P, “дурнамои рушди иқтисодӣ”-и Итолиё заиф аст. Итолиё акнун маҷбур аст, ба хотири таскин додани сармоягузорон ва тазмини вомҳои ҷадид фоизи қарзҳояшро болотар барад.
XS
SM
MD
LG