Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон чашм ба роҳи бастаи навбатии кумакҳост


Қарор аст, имрӯз музокироти бештари мақомоти Юнон бо Сандуқи байналмилалии пул ва ИА пиромуни роҳҳои расидагии хубтари Афина ба буҳрони қарзҳояш доир шавад. Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос шоми душанбе бо намояндагони сегонаи СБП, ИА ва Бонки марказии Аврупо роҷеъ ба роҳҳои наҷоти кишвараш аз вартаи варшикастагӣ сӯҳбатҳои телефонӣ доштааст. Юнон талош дорад, бо иттихози тадобири шадиди зиддибуҳронӣ ба дарёфти бастаи навбатии 8-миллиарддолларии кумаки СБП ва ИА даст биёбад. Нигарониҳо аз эҳтимоли варшикастагии Юнон дирӯз боиси уфти қимати саҳом дар Амрикову Аврупо ва Осиё шуд.
XS
SM
MD
LG