Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 диндор дар пойтахти Узбакистон


Дар Тошканд 11 диндорро бо иттиҳоми “ифротгароӣ” боздошт кардаанд. Пайвандонашон мегӯянд, ки онҳо рӯзи 15 сентябр дар ноҳияи Зангиотаи пойтахти Узбакистон дастгир шудаанд. Адҳам Сиддиқови 47-сола раҳбари ин гурӯҳ ва худи гурӯҳ як созмони ифротии мазҳабӣ хонда мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давлати Узбакистон дар паси пардаи мубориза бо ифротгароӣ афроди норозӣ аз сиёсати ҳукуматро таъқиб мекунад ва феълан дар ин кишвар ҳазорон диндон бо чунин ҷароим дар зиндон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG