Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз зидди манъи ҳиҷоб дар макотиби Қирғизистон


Дирӯз даҳҳо нафар дар як тазоҳурот дар рӯбарӯи вазорати маорифи Қирғизистон талаб кардаанд, ки пӯшидани ҳиҷобро дар макотиби миёна иҷозат диҳанд. Вазири маориф Қаноат Содиқов намояндагони тазоҳургаронро ба ҳузур пазируфт, вале натоиҷи музокироти онҳо ҳанӯз эълон нашудааст. Дӯйшон Абдуллоев, раҳбари созмони ғайридавлатие, ки ин раҳпаймоиро созмон дод, гуфт, агар пӯшидани ҳиҷобро дар макотиб боз ҳам манъ кунанд, рӯзи ҷумъа эътирозҳо дар бахшҳои мухталифи Қирғизистон доир хоҳанд шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз 1 сентябр ба ин сӯ шикоёти зиёд гирифтаанд, ки онҳоро бо рӯймол ба дарс иҷозат намедиҳанд.
Мақомоти маорифи Қирғизистон мегӯянд, пӯшидани ҳиҷобро ягон қонун манъ намекунад, вале дар кишвар либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст, ки он рӯймолро дар бар намегирад.
XS
SM
MD
LG