Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқҳои ПАД дар тамрингоҳи Лоҳур


Дирӯз дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон машқҳои ситодии нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) оғоз ёфт. Ин тамринҳо то 22 сентябр якбора дар 4 кишвар - Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия хоҳанд гузашт. ПАД эътилофи амниятиест, ки Русияву Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Вале Узбакистон дар солҳои охир дар кори ин эътилофи амниятӣ ширкати амалӣ надорад.
XS
SM
MD
LG