Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 20 сентябр, Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ҳукмаш дар қиболи шикояти ширкати Юкос аз ҳукумати Русияро эълон мекунад. Имрӯз Додгоҳи Қонуни асосии Молдова бояд тартиби интихоби раиси ин ҷумҳуриро муқаррар кунад. Имрӯз дар Ростов музокироти сегонаи Русияву Чину Ҳинд оғоз мешавад. Имрӯз дар Ню-Йорк анҷумани дуввуми “Дӯстони Либия” доир хоҳад шуд. Имрӯз Кумитаи низомии Сенати Амрико вазъи Эронро баҳс хоҳад кард.
20 сентябри соли 1990 Осетияи ҷанубӣ истиқлолаш аз Гурҷистонро эълон кард. 20 сентябри соли 2008 бар асари як ҳамлаи террористӣ дар меҳмонсарои “Марриот”-и Исломобод 53 нафар, бо шумули сафири Чехия, кушта шуданд. Ва дуруст як сол пеш Афғонистону Покистон ва Туркманистон ба қарордоде имзо карданд, ки эҳдоси як лӯлаи газ аз Туркманистон то ҷануби Осиёро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG