Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбеи 18-уми сентябр дар пойтахти Яман шаҳри Санъо нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарон оташ кушода, камаш 26 нафарро ба ҳалокат расониданд.

Садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, вале гиридиҳамоии мухолифини президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ рӯзи душанбе низ идома ёфт.

Табибони яманӣ мегӯянд, то нисфирӯзии душанбе дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман беш аз 20 эътирозгар ба кушта шуданд. Онҳо кӯшиш намуданд, майдони рӯ ба рӯи донишгоҳи шаҳри Санъоро, ки бо номи Майдони тағйир маъруф мебошад, таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд. Хабарнигорон аз Майдони Тағйир иттилоъ медиҳанд, ки субҳи душанбе ходимони амниятӣ бо либоси мулкӣ дар тан сӯи мухолифини президент Алӣ Абдулло Солеҳ оташ кушоданд.

Хабарнигорон меафзоянд, ки мерганҳои ҳукуматӣ дар болои биноҳои кӯчаи марказии Ҳоил пинҳон шуда, ба тарафи

мухолифин оташ мекушоянд. Эътирозгарон, ки ҷонибдори хатми ҳокимияти 33-солаи президент Солеҳ мебошанд, дар Майдони тағйир хайма зада, саъй доранд, ба истилоҳ “минтақаи нуфуз”-ашонро тавсеа бахшанд.

Рӯзи якшанбе дар гирдиҳамоии эътирозӣ даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ шуда буданд. Аз байн камаш 26 кас бо оташи нерӯҳои содиқ ба президент Солеҳ кушта шуданду садҳо нафари дигар бо ҷароҳатҳо ба шифохонаҳои Санъо интиқол ёфтанд.

Хабарнигори англис Том Финн мегӯяд, қатли эътирозгарон қаҳру ғазаби мухолифини Солеҳро афзоиш додааст.
Аммо мансабдорони ҳукуматӣ иддао доранд, ки эътирозгарон саъй доштанд, як истгоҳи тавлиди нерӯи барқро тахриб намоянд ва аз ин рӯ, афсарон ночор ба тарафи онҳо оташ кушоданд.

Телевизиони давлатии Яман низ наворҳои видеоро, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ҷо дода шуда, тафсилоти ҳамлаи сарбозони ҳукуматиро намоиш медиҳанд, саҳнасозӣ номидааст. Вале аксари шоҳидон мегӯянд, ин авввалин бархӯрди рӯирости нерӯҳои ҳукуматӣ бо эътирозгарон буд, ки дар он афсарони амниятӣ аз тири мусалсалу гулӯла истифода бурданд.

Шуморе аз сарбозони ҳукуматӣ ба тарафи эътирозгарон гузашта, исрор меварзанд, ки идомаи хидмат ба режими Солеҳ ҷиноят аст. Як пайрави мухолифини яманӣ мегӯяд, нерӯҳои ҳукуматӣ дар гирду атрофи пойтахт посгоҳҳои низомӣ ташкил кардаанд: “Тамоми маҳаллаҳои зист ва канораҳои Санъо таҳти назорати нерӯҳои содиқ ба Солеҳ қарор доранд. Онҳо сокинони мулкӣ ва тарафдорони моро мавриди оташ қарор медиҳанд.”

Созмони британиявии Оксфам, ки бо барномаҳои

башардӯстонааш дар саросари олам маъруф аст, мегӯяд, аз моҳи январ ба ин тараф, яъне аз оғози эътирозҳо дар Яман, нархи маводи сӯхт беш аз 500% боло рафтааст. Ин созмон меафзояд, дар ҳоле, ки иқтисоди Яман бо бунбасти комил рӯ ба рӯ мешавад, аз ҳар се яманӣ яке гурусна аст. Ба қавли Оксфам, вазъи ноором имкон намедиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба 22 миллион аҳолии ин кишвар ёрӣ расонад.

Президенти Яман ҳоло ҳам дар Арабистони Саудӣ табобаташро идома медиҳад. Ӯ моҳи июн бар асари як ҳамла болои Қасри раёсатҷумҳурии Яман маҷрӯҳ шуда буд. Ҳафтаи гузашта як идда дипломатҳои ғарбӣ иброз доштанд, ки Солеҳ аз бозгашт ба Яман худдорӣ варзида, ризоят додааст, дар давоми даҳ рӯзи оянда ҳукуматро ба ноиб-президенти Яман таслим намояд.
XS
SM
MD
LG