Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони боздоштшуда корманди ВВС нестанд


Ширкати садову симои ВВС гуфт, ки Эрон шаш филмсози мустақилро, ки маҳсули корашон дар телевизиони форсии BBC ба намоиш даромадааст, боздошт кард. Ин ширкат иддаои ҳукумати Эронро рад кард, ки гӯё онҳо коргарони ВВС бошанд. Изҳороти ВВС баъди он пахш шуд, ки вебсайти телевизиони давлатии Эрон навишт, ки панҷ хабарнигори мард ва як занро барои ҷамъоварии иттило барои бахши форсии ВВС боздошт намуд. Дар ин гузориш омадааст, ки филмҳои мустанади филмсозони хабарнигорони боздоштшуда дар “ҷашнвораҳо ва маъракаҳои байналмилалӣ” ба намоиш даромад. Яке аз мақомҳои баландпояи ВВС Лилиан Ландор гуфт, ки ин филмҳоро ВВС маблағгузорӣ накардааст. Боздошти хабарнигорон шаби шанбе сурат гирифт. Ҳарчанд кори шабакаи форсии ВВС дар қаламрави Эрон манъ аст, барномаҳои он тавассути маҳвора қобили дарёфт аст. Ҳукумат мегӯяд, ки ин телевизион роҷеъ ба Эрон матолиби манфӣ пахш карда мардумро ба эътироз водор мекунад.
XS
SM
MD
LG