Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БҶ тасмим гирифтааст, ки мизони кӯмаки билоивази солонаи худ барои дастгирии буҷаи Тоҷикистонро аз 38 миллион то 58 миллион афзоиш диҳад.

Ин бонк ҳамчунин эълон кардааст, ки хулосаи коршиносии тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар тобистони соли оянда ба сурати комил анҷом хоҳад шуд. Ин тасмимҳо баъди мулоқоти мудири стратегия ва амалиёти Бонки ҷаҳонӣ Теодор Алерс ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълон шуд. Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи пеш Бонки ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш ба манзури сохтани обанбори Роғун худдорӣ кунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан тасмим доштанд, ки дар моҳи ноябр маҷрои Вахшро бубанданд. Ба думболи ин эълони Бонки ҷаҳонӣ, бархе аз мақомоти марбута ва шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон гуфтанд, ки бояд ҳамкорӣ бо ин бонк дар мавриди Роғунро қатъ намуд. Зеро тасмимҳои ин бонк дар мавриди Роғун бештар ҷанбаи сиёсӣ касб мекунанд.

"БОЯД ТАСМИМИ СИЁСӢ ГИРИФТА ШАВАД"

Аз ҷумла Ҳомид Орифов, дабири Кумитаи миллии Кумиссиюни байналмилалии сарбандҳои бузург ин тасмими
Ҳомид Орифов, дабири Кумитаи миллии Кумиссиюни байналмилалии сарбандҳои бузург

тавсияи Бонки ҷаҳониро бо ҳадафи ба таъхир уфтодани сохтмони Роғун медонад: «Ин як вазъияти сиёсӣ аст. Ин бозии сиёсӣ аст. Ин тавсияҳо таҳти фишори доираҳои мухолифи сохтмони Роғун сурат мегирад. Барои ҳамин бояд дар мавриди он тасмими сиёсӣ гирифта шавад».

Аммо тасмими қатъии ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун дар салоҳияти раиси ҷумҳур аст. Ва бархе аз афрод мегӯянд, ки бояд мисли он, ки бо ширкати "Русал" ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро дар мавриди Роғун қатъ кард, бояд бо БҶ низ қатъ кунад.

СУКУТ АЛОМАТИ РИЗО?

Аммо то кунун ҳеҷ навъ вокуниши ҷониби Тоҷикистон дар ин замина маълум нашудааст, ки оё маҷрои Вахшро дар замони ваъдашуда хоҳад баст ва ба тамдиди замони анҷоми хулосаи коршиносӣ то як соли дигар розӣ ҳаст ё мухолиф. Бояд гуфт, ки бар асоси тавофуқи қаблӣ, дар муддати 8 моҳ хулосаи коршиносони БҶ дар мавриди Роғун бояд омода мешуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки хомӯшии Тоҷикистон нишоне аз ризояти ин кишвар ба чунин тавсияҳои БҶ аст. Аз ҷумла тасмими БҶ дар мавриди афзоиши кӯмак ба буҷаи Тоҷикистонро коршиносон навъе ҷуброни ба таъхир андохтани хулосаи коршиносии Роғун медонанд, ки ҳукумат метавонад аз ин воситаҳои БҶ дар коҳиши ниёзмандиҳои энержии худ истифода кунад. Ва даъвое дар баробари ин тавсияҳои БҶ пеш нагузорад ва иқдом ба бастани маҷрои Вахш низ қабл аз вақт накунад.

БОНКИ ҶАҲОНӢ ЭҲТИЁТКОРӢ МЕКУНАД

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чунин тасмимгирии БҶ дар мавриди Роғун, яъне тамдиди замони хулосаи коршиносӣ ба он манзур аст, ки БҶ намехоҳад хулосае содир кунад, ки яке аз ҷонибҳо, на Тоҷикистон ва Узбакистон ё Русияро нороҳат накунад, балки ҳамаро розӣ нигаҳ дорад. Аз нигоҳи дигар, ба назари ин таҳлилгар ҳарчи
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик

амиқтар шудани ин хулоса ва тамдиди замони он ба нафъи Тоҷикистон низ ҳаст. Оқои Абдуллоев мегӯяд: «Он чӣ, ки гап дар бораи афзоиши кӯмак ба буҷаи Тоҷикистон меравад, ин пули кам ва ночизе аст. Ба назарам ин навъе пардохт барои хомӯш нишастан ва тоқат намудани Тоҷикистон бар баробари тӯл кашидани ҳалли масъала, то ба тафоҳум расидани тарафҳо аст».

Ба гуфтаи коршиносон, БҶ ҳам медонад, ки агарчанд буҷаи Тоҷикистон бештар тавре иҷро мешавад, ки ҳукумат мехоҳад ва ин пул ҳам ба буҷа рехта мешавад ва ҳукумат бояд аз он ба манзури харидории нерӯи барқ ва осон кардани мушкилоти дигари вобаста ба ин масъала дар фасли сармо истифода хоҳад кард. Ва ҳамчунон интизори як тобистони дигар хоҳад нишаст. Ин тасмим амалан ба маънои ба таъхир уфтодани сохтмони Роғун ҳадди ақал то як соли дигар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG